Сомонаи пешина | Шб, 23 Сентябр 2023 / 19:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Хабарҳо

  14 августи соли равон даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб-2023" бо иштироки ҳунармандони шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ дар Боғи фарҳангии фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ идома ёфт. Ҳунармандон бо пешниҳоди маҳсулотҳои нонӣ, ҳунарҳои мардумӣ, гудӯзию кашидадӯзӣ, расму оинҳои миллӣ, суруду рақсҳои халқӣ хотири меҳмонон, иштирокчиён ва ҳакамони
21.08.2023 05:34 120

13 августи соли ҷорӣ дар даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб-2023" ноҳияҳои Шуғнони ВМКБ ва Хуросони вилояти Хатлон ҳунарнамоӣ карданд. Ҳунармандон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, расму оинҳои миллӣ, суруду таронаҳои халқиро дар Боғи фарҳангии фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ манзури меҳмонону тамошобинони пойтахт гардониданд.
14.08.2023 13:25 87

12 августи соли равон ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб-2023" ҳунару маҳорати хешро манзури меҳмонону иштирокчиён ва аъзои ҳакамони фестивал гардониданд. Суратгузориш аз ҷараёни баргузории фестивал- озмун.
14.08.2023 13:08 109

11 августи соли 2023 дар Боғи фарҳангии фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб-2023" бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Сатториён Матлубахон, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия, ҳайати ҳакамон, аҳли фарҳангу ҳунари кишвар баргузор гардид. Ҳунармандони соҳибистеъдоди шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Рӯдакӣ бо пешниҳоди ҳунару
14.08.2023 11:57 79

Ба таваҷҷуҳи Шумо мерасонем, ки аз 11 то 18 августи 2023 даври дуюми Фестивал-озмуни чумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад: 1 Шаҳри Панҷакент ваноҳияи Рӯдакӣ -11 августи соли 2023, соати 18:00, 2 Шаҳри Хуҷанд ваноҳияи Синои шаҳри Душанбе - 12 августи соли 2023,
14.08.2023 11:26 181

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳодисаи фавти одамон дар шаҳри Кӯлоб, дар пайи садамаи фоҷиабори нақлиётӣ сахт андӯҳгин буда, ба аҳли хонавода ва пайвандону наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣменамояд. Сабри ҷамил азизон!
07.08.2023 07:36 97

4  августи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” баргузор шуд. Дар кори маҷлис Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” Давлатзода Зулфия Давлат, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ашӯрова Дилрабо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода
04.08.2023 10:19 79

Имрӯз соати 8:00 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 “Дар бораи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма”, нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорат дар нимсолаи якуми соли 2023 баргузор гардид, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии
26.07.2023 11:46 197

Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати фарҳанг дар нимсолаи якуми соли 2023 Вазорати фарҳанг дар нимсолаи якуми соли 2023 баҳри амалисозии сиёсати фарҳангии кишвар ва ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ фаъолияти худро равона намуда, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуктаҳои дахлдори Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури кори худ қарор
24.07.2023 11:08 172