Сомонаи пешина | Дш, 25 Мая 2020 / 12:05
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Хабарҳо

  Тоҷикистон, ки дар чорроҳаи бархурдҳои сиёсиву геосиёсӣ, манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, гурӯҳҳову ҳизбҳо ва шахсиятҳои ҷоҳталаб қарор дорад, ҳамеша мавриди ҳадафҳои муғризонаи чунин гурӯҳҳо ва ҳизбҳои дохил ва берун аз кишвар қарор доштааст. Мудҳиштарин амале, ки аз ҷониби онҳо роҳандозӣ гардид, ин рӯйдодҳои солҳои навадуми асри гузашта мебошанд, ки оқибатҳои фоҷиабори
25.09.2018 11:38 431

26 сентябри соли 2018 соати 16:00 дар толори намоишии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе дар хиёбони Рӯдакӣ 89 воқеъ гардидааст, намоиши асарҳои рассомон таҳти унвони «Боз дар фазои иттифоқ» оғоз мегардад. Намоиш ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида мешавад. .    
25.09.2018 10:47 369

  Малик-уш-шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ асосгузори адабиёти классикии форсу точик мебошад ва мақоми Устоди шоирон дар шеъру адабиёти форсӣ то бад он ҷоест, ки дигар шоирону бузургон ӯро «Султони шоирон» ва “Устоди шоирони ҷаҳон” номидаанд. Ба хотири баланд бардоштани огоҳии ҷомеа ва ибрози эҳтирому садоқат нисбати таъриху фарҳанги миллатамон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола
25.09.2018 10:06 524

Дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: 1. Сардори шуъбаи идоракунии корҳо ва назорат. Талаботи тахассусӣ барои довталабон:- таҳсилоти олии касбӣ;- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани
24.09.2018 11:21 356

Шоми 22 сентябри соли 2018 дар чойхонаи Роҳат бо ташаббуси Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон намоиши муди тарроҳони машҳури тоҷик Хуршед Сатторов ва Фарвардин Оташин баргузор гардид. Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар дар оғози намоиш меҳмонони чорабиниро хайрамақдам гуфта, дар бораи муносибатҳои неки Фаронса ва Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг, дар
24.09.2018 06:22 362

23 сентябри соли 2018 дар толори Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ аҳли эҷоди Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский ба ифтихори кушодашавии мавсими 81-уми театрӣ ба мухлисону ҳаводорони худ намоиши навро манзур намуданд. Дар расми кушодашавии мавсими нав Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳузур
24.09.2018 05:59 290

  21 сентябри соли 2018 дар толори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов ба ифтихори гиромидошти 1160 солагии хотираи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили адабӣ – мусиқӣ таҳти унвони “Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ” баргузор гардид. Барномаи маҳфил иборат аз шеъру суруд, рақсу саҳначаҳои тарбиявӣ буд. Донишҷӯён
24.09.2018 05:30 1161

19 сентябри соли 2018 дар арафаи рузи ҷашни устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ толори конфронсии Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин конфронси муштарак бо шуъбаи дар Бохтар будаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо роҳбарии шоир Миралӣ Салимов таҳти унвони “Гулбарг”-и бехазон” бахшида ба 80-солагии шоир Пирумқул
21.09.2018 11:08 390

20 сентябри соли 2018 дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ бо иштироки аъзои бахши таълимии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дарси кушоди композитсия баргузор гардид, ки дар он наврасони лаёқатманд асарҳои тозаэҷоди худро иҷро намуданд. Ҳамзамон, роҳбари бахши таълимӣ, аъзои Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, композитор Ҷасур Халилов барои омӯзгорону
21.09.2018 09:46 383