Сомонаи пешина | Сш, 04 Август 2020 / 22:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Балети «Маликаи хуфта» бо иштироки солистони балети Театри калони давлатии академии Ӯзбекистон

 

28 апрели соли 2018 соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиши балети П. И. Чайковский «Маликаи хуфта» бо иштироки солистони Театри калони давлатии академии ба номи А. Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ӯзбекистон Нодира Ҳамроева ва солисти балети театри мазкур Улуғбек Олимов манзури ҳаводорони ин намуди санъат мегардад.

Намоиш бо ташаббуси роҳбарияти Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ намудани созишномаи ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин шинос намудани аҳли санъат ва тамошобини тоҷик бо ҳунарпешагони варзидаи ӯзбек ташкил шудааст. Боиси зикр аст, ки иштироки ҳунарпешагони балети кишвари ба мо дӯсту бародар дар театри тоҷик дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бори аввал аст.

Дар намоиш инчунин донишҷӯёни Коллеҷи хореографии ба номи М. Собирова ҳунарнамоӣ мекунанд.