Сомонаи пешина | Сш, 04 Август 2020 / 22:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳифзу барқароркунии ёдгориҳои таърихӣ кори умумихалқист!

 

Суханронии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар мавзӯи “Аҳамияти ҳифзи фарҳанги миллӣ ва ёдгориҳои бостонию таърихии халқи тоҷик дар шароити ҷаҳонишавӣ”

Муҳтарам раёсат ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ!

Иштирокдорони гиромии ин ҳамоиши бошукӯҳ!

Ман қабл аз ҳама барои таваҷҷуҳи Шумо ҷиҳати баррасии масъалаи мазкур арзи сипос менамоям. Баррасии чунин масъалаи муҳиму тақдирсоз бо Рӯзи ҳифзи мероси моддӣ рост омадааст ва ман сидқан ҳамаи Шумо ва тамоми мардуми шарифи кишварро бо ин ҷашнвора шодбош мегӯям.

Он нукта ба шарҳ ниёз надорад, ки имрӯз мо дар замони ҳамгироӣ, пайванду муколамаи тамаддунҳо, дар айёме қарор дорем, ки тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри XXI табдил ёфта, дар низомҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ самти афзалиятдошта ба шумор меравад. Албатта, кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз раванди босуръати ҷаҳонишавии фарҳанг, аз падидаҳо ва зуҳуроти мусбату манфии он дар канор буда наметавонад. Мо ҳама вақт таъкид менамоем, ки мардуми мо соҳибтамаддун ва фарҳангӣ мебошад. Мафҳуми фарҳанг таърихан маънои тарбия, арҷгузорӣ ва инкишофро дошта, амалан татбиқ гардидани арзишҳои умумибашарӣ ва маънавиро ифода мекунад. Хулосаи олимон дар бобати фарҳанг он аст, ки фарҳанг тарзи ҳаёт аст ва дар ин услуб он эҷодиёти бошууронаи худи зиндагист. Ба фикрам он нуктаро ҳеҷ кас инкор намекунад, ки фарҳанги миллии тоҷик бо вуҷуди таърихи антиқиаш, бахусус дар даврони истиқлолияти кишвар хусусияти хоссаро касб карда, эҳёи суннатҳои тоҷикӣ, тақвияти худшиносӣ, ватанпарварию арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ, тарғиби сулҳу ваҳдат ва ягонагию якпорчагии кишвар дар рӯзгори кунунии мо ба масъалаҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангӣ табдил ёфтанд. Аз ин рӯ, таърихи 27-солаи фарҳанги кишвар дар таносуб бо тамоми таърихи фарҳангии миллати антиқиамон дар таърихномаи фарҳанги кишвар мавқеи хосса дорад. Биноан, хулосаи аксари сиёсатшиносону пажӯҳишгарони фарҳанг дар бобати он, ки дар роҳи худшиносии таърихиву миллӣ, эҳёи суннатҳо, рушди илму адаби тоҷикон истиқлолияти давлатиро метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, авҷи камолоти давлатдорӣ, даврони ташаккули нерӯи ақлу заковати созанда ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд, ҳақиқати бебаҳс аст.

Мо дастовардҳои даврони Шӯравиро инкор намекунем, вале аз рӯи ҳақиқат маҳз бо шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик ба ҳайси меҳвар ва мояи фикрии давлати соҳибистиқлоли мо расмияти сиёсӣ пайдо намуда, аҳли фарҳанги кишвар ба сарнавишт ва мақоми ниёгони хеш дар тӯли таърих бо диди муосир ва доираи фаротар назар андохта, тавассути офаридаҳои тозаву ҷолиби ҳунарӣ нақш ва нуфузи миллати тоҷикро дар таърихи ҷомеаи башарӣ, дар ташаккули муҳимтарин равандҳои таърихиву фарҳангии ҷаҳони мутамаддин бо тобишҳои нав пешниҳоду муаррифӣ намуданд.

Бешубҳа, дар даврони истиқлолият фарҳанг ҳамчун пайвандгари маънавии наслҳо дар заминаи маърифати таърихии ниёгон вобаста ба шароити нави сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ мардуми кишвари тозаистиқлолро ҷиҳати фароҳам овардани пойгоҳи шоиста барои шинохти ҳуввияти миллӣ ва густариши худшиносии таърихӣ ҳидоят намуда, ба муҳаррики тавонои ваҳдату ягонагӣ ва нерӯи муқтадири бунёдкориву созандагӣ табдил ёфт ва дар сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди фарҳангу санъат мавқеи афзалиятноку калидӣ гирифт.

Аз файзу баракати истиқлолият сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноку муҳимтарини сиёсати фарҳангии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва зина ба зина татбиқ шуда, барои рушди устувор ва бемайлони фарҳанги миллӣ дар мамлакат фазои мусоиду озод фароҳам омад.

Вобаста ба ин, дар марҳилаи нави такомули давлатдории миллӣ мақсаду вазифаҳои фарҳанги миллӣ мушаххас гардида, тибқи он стратегияи наву ҳадафманд ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳа тарҳрезӣ ва ба ин васила барои беҳдошти симои маънавӣ, ташаккули майлу рағбати зебописандӣ ва ҳунари эҷодгарии афроди ҷомеа фазои мусоид фароҳам гардид.

Сиёсати фарҳангии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба мустаҳкам намудани пояҳои маънавии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ, боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ, пояндагии сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии тамоми табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ, ривоҷи ҳувияти миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои дастрасии озодона ба комёбиҳои илмӣ ва фарҳангии ҷаҳонию миллӣ равона карда шудааст. Дар чунин шароит нақш ва мақоми фарҳанг дар ташаккули ҷаҳонбинии нав афзуда, вазифаҳои тарбиявӣ, маърифатӣ ва иттилоотии он боз ҳам густариш ёфтанд ва он ҳамчун воситаи тавонои ташаккули афкору андеша ва идеологияи миллӣ, рушди маънавӣ, муаррифгар ва муайнкунандаи мақому манзалати мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Дар давоми 27 соли Истиқлолияти давлатӣ аҳли фарҳанги кишвар ба дастовардҳои бузургу назаррас ноил гардида, пайваста кӯшиш менамоянд, ки ба фарҳанги қадима ва бою рангини миллиамон такя намуда, дар пешбурди фарҳанги ҷомеаи навини Тоҷикистон ва боз ҳам баландтар бардоштани сатҳи маънавию фарҳангии мардуми тоҷик саҳмгузор бошанд, зеро танҳо донистани таъриху тамаддуни халқи худ, бархурдор будан аз суннатҳо ва расму оини фарҳангии мардуми хеш, омӯзишу дарки мероси бойи гузаштагони илму адаби миллатамон моро аз ҳар гуна таҳдид ва хавфу хатари ҷаҳонишавӣ ва равияву тамоюлҳои бегонаву ифротгаро ҳифз намуда, ба ҳадафҳо ноил мегардонад.

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти бузургу рисолати беназири фарҳанг ишора карда, дар ин бобат гуфтааанд: « Фарҳанг ва ҳунари воло дар ҳама давру замон ҳамчун василаи муҳими муаррифии халқу кишвар ба ҷаҳониён шинохта шудааст». Ин фикрро дар вохӯрӣ бо зиёиён тақвият дода, Пешвои муаззам таъкид намуданд: « Дар шароити феълӣ, ки бархӯрди тамаддунҳо дар ҷаҳон торафт тезутунд мешавад, омӯхтан ва таҳқиқ кардани мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад.

Таҳқиқи ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳимтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни кишвар мебошад.

Дарвоқеъ, таърих ойинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо бояд ин ойинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд. Ҳар кадоми мо хуб медонем, ки халқи фарҳангиву тамаддунсози тоҷик дар тӯли таърихи худ воқеаҳои зиёдеро пушти сар кардааст, ки онҳо ҳамчун сабақи зиндагӣ имрӯз низ хизмат карда метавонанд.

Нақши рӯйдодҳои гузашта дар ҳар як ёдгории таърихӣ, осори қадима, катибаву сангнигораҳо, деворнигораву пештоқҳои қалъаҳои бостонӣ ва дигар сарчашмаҳои таърихиву фарҳангии миллатамон ҳифз шуда, то замони мо расидааст.

Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ин мероси гаронбаҳоро ҳифз карда, барои эҳё ва барқарор сохтани онҳо саъю кӯшиш намоем ва онҳоро ҳамчун сабақи таърих ба наслҳои оянда мерос гузорем.

Сарвари давлат ёдгории Саразмро ҳамчун намунаи барҷастаи осори таърих номида, таъкид карданд, ки бо дастури Ҳукумат маводи зарурӣ ҷиҳати пешниҳод кардани Саразм ба рӯйхати мероси таърихии халқи тоҷик ба ЮНЕСКО омода ва ирсол гардида, Саразм ҳамчун намунаи шаҳри қадим аз тарафи ин созмони ҷаҳонӣ эътироф ва моҳи июни соли 2010 ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ ворид гардид ва дар робита бо дарназардошти аҳамияти шаҳри қадимаи Саразм пешниҳод намуданд, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.

Ин пешниҳоди Пешвои муаззам раҳнамои тамоми фаъолияти аҳли санъат ва ҳунар қарор дода шудааст. Воқеан ҳар як халқу миллат қабл аз ҳама танҳо таввасути фарҳанги волову шоиста метавонад дар ҳама арсаҳо ҷойгоҳи худро пайдо кунад ва барои бақои ояндаи худ сипареро таъмин намояд. Оғози асри нав саҳеҳ будани ин фаҳмишро собит намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин зимни суханрониашон дар мулоқоти охири худ бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин нуктаро таъкид намуда буданд, ки «…дар шароити ҷаҳонишавии мураккаб ҳар қавму миллатеро нобуд кардан хоҳанд, нахуст фарҳангу забони онро фано месозанд». Ин ҳақиқати бебаҳс аст. Мо ҳамарӯза мебинем, ки дар ҷаҳони муосир миёни қавму миллатҳо даъвоҳои таърихии фарҳангӣ шиддат меёбанд. Ин бар он шаҳодат медиҳад, ки дар тамоми давраҳои таърихии инкишофи инсоният фарҳанг барои халқиятҳову миллатҳо рисолати созандагиро иҷро мекард. Инро таҷрибаҳои гузаштаи таърихӣ собит менамоянд. Ҷомеаҳое, ки ба фарҳанг такя намудаанд ва ё доранд, дар арсаи ҳама талошҳо комёб шудаву мебошанд. Чӣ дар гузаштаву чӣ имрӯз аксари кишварҳои пешрафта ҳангоми вуруд ба кишвари дигар, пеш аз ҳама, ба фарҳанги он таваҷҷуҳ намудаанд. Ҷойи инкор нест, ки аксаран мо мероси пурғановати фарҳанги гузаштаи худро тавассути нигоштаҳои хориҷиён меомӯхтем ва маълумоту донишамонро нисбати бахшҳои гуногуни фарҳанги миллӣ фузун менамудем. Танҳо даврони Истиқлолияти кишвари маҳбубамон имкон фароҳам овард, ки мо низ ба дарки моҳият ва аҳамияти фарҳанги худӣ амиқтар фурӯ равем, решаҳои таърихии онро фаротар биомӯзем, барои рушду инкишофи он заминаҳои ҳуқуқиву меъёрӣ ва касбиву анъанавиро ба вуҷуд орем ва онро аз нигоҳи манфиатҳои милливу таърихиамон бозбинӣ намоем. Фарҳанги сиёсӣ албатта фарогири доираи васеи фарҳангҳост. Ва аз ҳамин нигоҳ агар баҳо диҳем дар баробари эҳёи бисёр суннатҳои милливу таърихӣ нахустин дастоварди фарҳангии миллати тоҷик дар замони Истиқлол ин фарҳанги сулҳу ваҳдат буд. Пеш аз ҳама кӯшишу талошҳои Роҳбари давлат ва дар радифи он эътимоди мардум ба роҳбар ва хиради волои халқ, ки аз фарҳанги бою ғанӣ ва инсонпарваронаи ниёгони худ манша мегирад, имкон фароҳам овард, ки дар фазои иҷтимоиву сиёсии кишварамон рӯҳияи ҳамдигарфаҳмиву инсондӯстӣ ва созандагиро ба вуҷуд орем, балки таъмин намоем. Фарҳанги одоб, ахлоқ ва гузаштан аз гуноҳи якдигар аз авомили муҳими фарҳанги миллати мо маҳсуб меёбад. Гуфтан мумкин аст, ки фарҳанги азалии тоҷикон дар канори Сарвари хираманду дурандеш қарор дошт, ки дар раҳонидани миллати тоҷик аз вартаи ҳалокат ба ӯ мададрасон шуд. Ҳамин аст, ки мо аксар маврид аз мафҳум ва таъбири «…фарҳанги сулҳофарӣ…» ёдовар мешавем.

Воқеан дар даҳсолаи охири асри гузашта миллати тоҷик ба фарҳанги имону эътиқод, фарҳанги бародарӣ, фарҳанги дӯстӣ, фарҳанги рафоқат ва фарҳанги сулҳу ваҳдат ниёз дошт. Хушбахтона, ин ниёзмандӣ дарку маърифат шуда, таъбири волои «Фарҳанг ҳастии ҷавҳари миллат аст» - ро собит намуд, ки муаллифи он ҳам хушбахтона меъмори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Агар саҳифаҳои таърихномаи навини миллатро варақгардон намоем, аввалин чорабинии азими фарҳангие, ки баъд аз истиқрори сулҳ дар кишвари тозаистиқлоламон бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид, ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён буд, ки таҷлили он ба сентябри соли 1999 рост омад. Ин ҷашни фарҳангии муқаддас қадами устувору бузурги Ҳукумати кишвар ва мардуми он дар роҳи эҳёи тамаддуни гузашта ва таҳкими худшиносӣ мебошад. Барои халқи тоҷик дар тӯли таърих ин гуна анҷумани бузург аввалин бор даст дод, ки дар рӯҳияи ватандориву ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ баргузор гардид. Таҷлили ин ҷашн аз чанд ҷиҳат муҳим буд. Дар навбати аввал мо ба аслу насли гузаштаи худ амиқтар шинос шудем ва андешаи васл намудани риштаҳои гусастаи таърихиро устувор гардонидем. Баъдан ҷомеаи ҷаҳонӣ муътақид гардид, ки мо адабиёту фарҳанги қадимӣ дорем ва ин ҷашнҳои фарҳангӣ натиҷа ва намоиши хиради азалии ин миллатанд. Ҳамзамон ин чорабиниҳо усули хеле мувофиқи тарбияи маънавии ҷомеа гардида, бо шарофати ин ҷашн дар маркази пойтахти кишвар муҷассамаи бузурги Исмоили Сомонӣ қомат афрохт, ки рамзи ба асолати таърихии худ пайванд шудани миллати тоҷик гардид.

Ин чорабинии бузург дар ташкил ва таҷлили санаҳои муҳими таърихиву фарҳангии минбаъда хишти устуворе гардид, ки минбаъд ба таври бонизом ҳамоишҳои гуногуни фарҳангӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ба ҳукми анъана даромад. Аз ҷумла, дар солҳои гуногун 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоби Бостон, 3000- солагии Ҳисори Шодмон, 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии олим, шоир ва мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, 100-солагии Бобоҷон Ғафуров, 100-солагии Мирзо Турсунзода, 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ, 100-солагии устоди рақс Ғаффор Валаматзода ва монанди ин бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардиданд. Ин ва дигар ҷашнҳо дар роҳи баланд гаштани фарҳангу маънавиёти ҳамдиёрон, таҳкимбахшии сулҳу дӯстии ҳаммилатон, вусъати худогоҳии миллӣ чун омили муҳим хизмат карда, бо шарофати ин ҷашнҳо ба омӯзиш ва пажӯҳиши масъалаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳ зиёд гардида, барои таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни фарҳангии миллӣ қолаб ва чорчубаҳои наву замонавӣ ба вуҷуд омаданд.    

Тарғибу ташвиқи сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик аз ҷониби Вазорати фарҳанг тавассути ҳамкориҳои ватанӣ ва байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз соли 1992 новобаста ба вазъи ноороми дохилӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид ва соли 1993 ба созмони мероси фарҳанги ҷаҳонӣ - ЮНЕСКО шомил гардид.

Айни замон ёдгориҳои бостонӣ ва табиии Саразм ва «Боғи Миллӣ» ба рӯйхати асосии ЮНЕСКО ворид карда шуда, соли 2009 дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Халқии Хитой - 8 адад ва соли 2015 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон - 5 адад ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявии кишвар тавассути силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ба рӯйхати пешакии ЮНЕСКО номнавис гардидаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳамоишҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 13 адад ёдгориҳои таърихию-фарҳангӣ ва меъморӣ ба силсилаҷоизаи «Ёдгориҳои Осиёи Марказӣ дар Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» – ЮНЕСКО: “Шаҳраки Панҷакенти қадим” ва “Шаҳраки Бунҷикат” ба гузаргоҳи “Зарафшон”, ”Шаҳри Ҳисор” ба гузаргоҳи “Марказӣ”, “Дайри буддоии Аҷинатеппа”, “Мадрасаи Хоҷа Машҳад”, “Шаҳраки эллинистии Тахти Сангин”, “Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук” ба гузаргоҳи “Амударё”, “Қалъаи Ямчун ва ёдгориҳои водии Вахон” ба гузаргоҳи “Вахон”, “Қалъаи Хуҷанд”, “Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин”, “Тасвирҳои рӯисангии ноҳияи Ашт”, “Ёдгории меъмории Мадрасаи Ойим”, “Ёдгории меъмории Мадрасаи Мир Раҷаб Додхоҳ” ба гузаргоҳи “Фарғона-Сирдарё” шомил гардиданд.

Инчунин 4 маконҳои бостонии тасвирҳои рӯисангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба силсилаҷоизаи “Тасвирҳои рӯисангии Осиёи Марказӣ” ворид гардидаанд, ки инҳо мавзеъҳои Оқҷилга ва Шахтии ноҳияи Мурғоб, Лангари ноҳияи Ишкошим, Сойи Сабағи ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ мебошанд.

Раванди мазкур самаранок идома ёфта, моҳи апрели соли 2015 ёдгории бостонии «Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук» дар самти ёдгориҳои моддӣ ва «Фалак» ҳамчун ёдгории ғайримоддии миллии дараҷаи байналмилалӣ ба Ҷоизаи «Global Rating Nomination»-и Институти рейтинги байналмилалии ЮНЕСКО сарфароз гардиданд.  

Аллакай ба ҷаҳониён исбот гаштааст, ки шаҳрҳои бостонии Саразм, Ҳисор, Кӯлоб, Хуҷанд, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Муҳаммад Башоро, Мақбараи Хоҷа Нақшрон, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, бозёфти қадимтарин навиштаҷотҳои ирфонӣ бо забони тоҷикӣ ва катибаҳои “Қуръони Карим” бо хати куфии шукуфо, инчунин девормусаввараҳо, гаҷкориҳо бо тасвирҳои набототӣ, ҳандасӣ ва зооморфӣ аз шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, девормусаввараҳои Панҷакенти қадим ва шаҳри Бунҷикат, муҷассамаи Буддо аз ёдгории бостонии Аҷинатеппа, Қалъаи Ямчун ва ёдгориҳои водии Вахон, Маъбади Зонг, ёдгории меъмории Карон, бозёфтҳои “Хазинаи Амударё” аз ҳудудҳои шаҳраки эллинистии Тахти Сангин ва ғ., ки қатрае аз баҳри сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошанд ва ҳамчун намунаҳои нодири мероси фарҳанги ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.

Маҳаки асосии иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар якҷоягии табиати биҳиштосои он зиёда аз 3000 ёдгориҳои мероси моддӣ, муассисаҳои давлатии муҷтамаъ ва мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносӣ, хонамузейҳо, китобхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мамнуъгоҳҳо ва мавзеъҳои нодири табиӣ инчунин ёдгориҳои алоҳидаи меъморӣ, таърихию бостоншиносӣ ташкил медиҳад.

Маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар самти мазкур корҳои назаррас ба анҷом расида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бобати ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ қабул гардидааст. Ҷиҳати корҳои тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар давоми 27 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 70 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ бо маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шудааст. Илова бар ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» ба тасвиб расида, таҳти назорат қарор дорад.

Татбиқ ва амалӣ намудани Барномаи мазкур имкон дод, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол танзими ҳифз, тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ фароҳам омада, теъдод ва сифати ёдгориҳои таърихию фарҳангии барои истифода пешниҳодшаванда   бештару беҳтар гарданд, ки ин дар навбати худ ҷиҳати афзоиши воридшавии сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро таъмин менамояд. Тағйиротҳои куллие, ки ба воситаи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур ба амал меоянд, барои пурра намудани фазои солими иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, маърифатии шаҳрвандон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати дастёбии озодона ба сарчашмаҳои мероси таърихию фарҳангӣ   мусоидат менамояд.

Тибқи Нақшаи Барномаи мазкур дар ду марҳила корҳои тармиму барқарорнамоии 25 калъа, 7 мақбара, 5 мадраса, 3 масҷиди таърихӣ, 3 маъбади қабл аз исломӣ дар назар гирифта мешаванд, ки аз онҳо 17 ёдгорӣ тармим, 11 ёдгорӣ барқарор, 8 ёдгорӣ нигаҳдошт, 5 ёдгорӣ қисман барқарор ва 2 ёдгорӣ таъмир хоҳанд шуд. Маблағи умумии барои Барнома пешбинишуда 67,8 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 60,0 млн. сомонӣ маблағҳои буҷавиро ташкил медиҳанд. Ҳамин тавр туфайли татбиқи Нақшаи чорабиниҳои мазкур шумораи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъмории ҷавобгуй ба талаботҳои стандарти ҷаҳонӣ, инчунин теъдоди сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ мунтазам афзоиш ёфта, дар минтақаҳои гуногуни кишвар мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ ва марказҳо вобаста тарғиби ёдгориҳои моддӣ дучанд зиёд гардиданд ва шумораи умумии сайёҳони дохилӣ ва хориҷии ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ташрифоваранда дар соли 2017 тақрибан ба 80 ҳазор нафар расидааст. Инчунин базаи моддӣ-техникии муассисаҳои давлатии мамнуъгоҳҳои таърихӣ ва осорхона-мамнуъгоҳҳо мустаҳкам гардида, онҳо бо технологияи муосири иттилоотӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Иҷрои пурраи Барномаи мазкур, ҳамчунин имконият медиҳад, ки яке аз самтҳои даромадноки иқтисодӣ-туризми фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ шароитҳои муфид муҳайё карда шавад.

Зимнан, бояд қайд намуд, ки эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад. Истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамчун объектҳои туризми фарҳангӣ, ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо ҳадафи асосии мутахассисони Вазорати фарҳанг мебошад.

Дар фарҷом мехоҳам таваҷҷуҳи Шуморо ба баъзе ниёзҳои соҳа ҷалб намоям. Ҳамаи шумо хуб медонед, ки фарҳанг ҳамчун рукни муҳим дар самти ташаккули арзишҳои маънавӣ ва такомули нерӯи зеҳниву ақлонии аҳолии кишвар ҳамчун омили муҳими пешрафти тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба дастгирии пайвастаи иқтисодию молиявӣ ниёзманд аст. Аз ин рӯ, Вазорати фарҳанг ва дигар ниҳодҳои дахлдор баҳри таҷдиди назар намудани қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тамоюлоти ҷаҳонишавии фарҳанг ва тағийроти ҳаёти иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар мамлакат фаъолияташонро таҷдиди назар менамоянд.

Дар ин замина, нерӯи инсонӣ, захираҳои эҷодӣ, дастгирии бонизоми давлатии ташаббусҳо дар соҳаи фарҳанг бояд заминаи асосии рушди босуръати муҳити рақобатпазири фарҳангӣ, нишондиҳандаи асосии дастовардҳои давлату ҷомеа дар иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ-фарҳангии мамлакат гарданд. Мутаассифона, монеаҳое ҳастанд, ки фаъолияти муназзами сохторҳои вазоратро халалдор менамоянд ва суръатбахшии иҷрои ҳадафҳои дар боло баёншударо ба таъхир меандозанд. Пешвои муаззам дар Паёмашон ва зимни вохӯрӣ бо зиёиён нисбат ба баъзе самтҳои рушди фарҳангу санъат, минҷумла ҳифзу эҳёи ёдгориҳои таърихӣ эродҳои ҷиддӣ гирифтанд. Вазорат ва аҳли фарҳанг барои ислоҳи онҳо чораҳои амалӣ андешида истодаанд. Вале воқеият он аст, ки барои назорати корҳои ҳифзу барқароркунии ёдгориҳои нодири таърихӣ дар ҷумҳурӣ фақат шуъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихии назди вазорат фаъолият дорад, ки иборат аз чор корманд аст ва ташкилоти ҷамъиятӣ, ки фаъолияташ хеле маҳдуд аст.

Биноан, ба мақсад мувофиқ мешуморем, ки чун солиёни қаблӣ ақаллан дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо раисони ташкилоти ҷамъиятии ҳифз дар сатҳи ҷонишинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъин карда шаванд ва дар ин зинаҳо таъсис додани нозироти озоди ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ низ яке аз роҳҳои самараноки рафъи мушкилот хоҳад буд.

Масъалаи дигаре, ки ман мехостам таваҷҷуҳи шуморо ҷалб намоям, ин ба бахшҳо табдил додани шуъбаҳои фарҳанг мебошад. Айни ҳол танҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе раёсатҳои фарҳанг ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуъбаи фарҳанг фаъолият дорад.

Ҳатто дар шаҳру ноҳияе, ки бештар аз 300 000 аҳолӣ дорад, бахшҳои фарҳанг бо ду нафар корманд фаъолият мекунанд. Худ қазоват кунед, ки ин бахшҳо барои пур кардани фазои фарҳангӣ чӣ қадар имконият доранд?

Барои таҳким бахшидани кори ҳифзу барқароркунии ёдгориҳои таърихӣ пешниҳод менамоям, ки ҳар як фарди кишвар дар ин ҷода ҳиссаи худро гузорад ва ҳифзу барқароркунии ёдгориҳои таърихӣ кори умумихалқӣ эълон карда шавад.

Дар маҷмӯъ, аҳли ҳунар аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Пешвои муаззам хеле миннатпазир буда, барои амалӣ гардонидани сиёсати фарҳангпарваронаву бунёдкоронаи Пешвои миллат тамоми нерӯи зеҳниро равона менамоянд.