Сомонаи пешина | Сш, 04 Август 2020 / 21:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Консерти хосаи Ирина Лой дар Душанбе

 

 

25 апрели соли 2018 соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ консерти хосаи лауреати озмунҳои байналмилалӣ, солисткаи операи Театри калони давлатии академии Ҷумҳурии Беларус Ирина Лой баргузор мегардад. 
Дар барномаи консертӣ инчунин Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон Сайфулло Юсупов ва солисти опера Манучеҳр Раҳмонов иштирок мекунанд.

Дар барномаи консертӣ арияҳо аз операҳои «Ромео ва Ҷулйета», «Травиата», «Аида», «Тоска», «Русалка», «Дон Карлос», «Трубадур» ва дигарон иҷро мешаванд. 
Роҳбари бадеии барнома Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов, саркоргардон Сайфулло Усмонов, сархормейстер Елена Тиллоева ва сарбалетмейстер Мария Левитская мебошанд.