Сомонаи пешина | Сш, 04 Август 2020 / 22:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии муовини вазири фарҳанг бо муовини вазири корҳои хориҷии Фаластин

 

24 апрели соли 2018 муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода бо муовини вазири корҳои хориҷӣ оид ба Осиё ва Африкои Давлати Фаластин ҷаноби Мазен Шомия ва Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (муқим дар шаҳри Тошкент) Муҳаммад Таршаханӣ вохӯрӣ анҷом дод.

Меҳмонон оид ба густариши муносибатҳои фарҳангӣ миёни Фаластину Тоҷикистон суҳбат намуданд.

Муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода омодагии Тоҷикистонро ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ иброз дошт. 

Мавзӯъҳои дигаре, ки зимни мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ин баргузории Рӯзҳои фарҳанги Фаластин дар Тоҷикистон ва иштироки намояндагони ду кишвар дар чорабинии фарҳангии ҳамдигар буданд.