Сомонаи пешина | Сш, 04 Август 2020 / 22:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанг бо Раиси департаменти фарҳангии Шарҷа

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода Раиси департаменти фарҳангии Ҳукумати Аморати Шарҷа, Президенти Институти Шарҷа оид ба мерос ҷаноби Абдулазиз Ал Мусалламро ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши муносибатҳои фарҳангии ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг сӯҳбат намуданд. 

Ҷаноби Абдулазиз Ал Мусаллам иштироки фаъолонаи ҳунармандони тоҷикро дар Фестивали байналмилалии Шарҷа оид ба мерос ва Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Шарҷа баҳои баланд дода, иброз дошт, ки ҷониби Шарҷа барои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи осорхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва фаъолияти бостоншиносӣ низ омода аст.

Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт, ки Тоҷикистон низ ҳозир аст, то доираи ҳамкориҳои фарҳангиро бо Шарҷа васеътар намояд. Ӯ қайд намуд, ки соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст ва таҷрибаи бойи Шарҷа дар ду соҳаи мазкур ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар ба рушди соҳаҳои номбурда мусоидат хоҳанд кард. 

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Шарҷа, ки охири соли 2018 сурат мегирад, яке аз мавзуҳои асосии баррасишавандаи мулоқот буд. Инчунин зикр гардид, ки соли 2019 баргузории Рӯзҳои фарҳанги Шарҷа дар Тоҷикистон дар назар аст.

Вохӯрӣ дар фазои мусоиди дӯстӣ ва бародарӣ баргузор гардид.