Сомонаи пешина | Сш, 04 Август 2020 / 21:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Фестивали филмҳои ҳиндӣ дар Душанбе

Шоми 20 апрели соли 2018 дар хонаи синамои «Зебунисо» маросими ботантанаи ифтитоҳи Фестивали филмҳои ҳиндӣ дар Душанбе баргузор гардид.

Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош ва муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода ба ҷашнвора ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо ифтитоҳи фестивал табрик намуданд ва оид ба муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон, ки сол то сол рушд меёбад, ҳарф заданд. 

Сипас, ба аҳли толор филми ҳунарии «Манҷӣ» намоиш дода шуд. Манҷӣ- сокини як деҳаи дури Ҳинд аст, ки атрофашро кӯҳҳо иҳота кардаанд ва ӯ қавл медиҳад, ки кӯҳҳоро шикаста, ба олами берун роҳ мекушояд.

Боиси зикр аст, ки Фестивали филмҳои ҳиндӣ то 25 апрели соли 2018 идома меёбад. Дар доираи фестивал ҳамарӯза соати 16:30 дар хонаи синамои «Зебунисо» як филми ҳунарии ҳиндӣ намоиш дода мешавад. Ҳамаи филмҳо ба забони тоҷикӣ баргардонида шуда, намоиш бо дубляжи тоҷикӣ ва зернависи англисӣ сурат мегирад. Даромад ба намоиши филм ройгон аст. 

Ҷашнвораи мазкур аз ҷониби Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, Киноклуби Сатяҷид Рей дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Мақсади баргузории фестивал таҳкими муносибатҳои дӯстии ду кишвар ва шиносоии бештари синамогарони тоҷик ва мухлисони филми ҳиндӣ бо намунаҳои беҳтарини дастовардҳои синамогарони Ҳиндустон мебошад.