Сомонаи пешина | Чш, 05 Август 2020 / 00:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Рўзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ

Рўзи 18 апрелро дар тамоми ҷаҳон ҳамчун рўзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ ҷашн мегиранд. Ин рўз соли 1982 аз ҷониби Ассамблеяи ҷаҳонӣ оид ба масъалаи ҳифзи мероси моддӣ ва ҷойҳои диққатангез (ICOMOS) ҳамчун рўзи мероси ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Ҳадафи асосии ҷашни мазкур ҷалби таваҷҷуҳи инсоният ба ҳифзи мероси ниёгон ва мерос мондани он ба наслҳои оянда буда, он аз ҷониби кормандони соҳаи ҳифзи мероси моддӣ, олимон, меъморон ва тармимгарон пешниҳод гардидааст. Ҳифзи сарватҳои мероси моддӣ ва ғайримоддӣ вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Миллати тамаддунофари тоҷик дорои таъриху фарҳанги қадима ва бой буда, сарватҳои нотакрори бостонӣ, меъморӣ, фарҳангӣ ва таърихию табиии ин миллати қадим ҷузъи ҷудонашавандаи мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, дар давоми пойдории хеш ба фарҳанги ҷаҳонӣ навгониҳои зиёдеро ворид намудааст.
Ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмуъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайвандад.
Шоистаи зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати кўҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои бениҳоят зиёдеро ба анҷом расонида истодааст.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳанги миллати тоҷик чунин қайд карданд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат-ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Барои ҳифзу тармими онҳо Ҳукумат ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо мекунад. Вобаста ба масъалаҳои зикршуда ба Вазорати фарҳанг зарур аст, ки барои нигоҳдории мероси таърихию фарҳангии халқамон пайваста тадбирҳо андешида, ҷиҳати ба феҳристи умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани ёдгориҳои нодири таърихии Тоҷикистон ташаббус нишон диҳад».

Вобаста ба болоравии мақоми таъриху фарҳанги мил лати тамаддунофари тоҷик дар минтақа таваҷҷуҳи ҷаҳониён рўз аз рўз ба кишвари соҳибистиқлоли мо афзоиш ёфта истодааст.

Тарғибу ташвиқи сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик аз ҷониби Вазорати фарҳанг тавассути ҳамкориҳои ватанӣ ва байналмиллалӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз соли 1993 новобаста ба вазъи ноороми дохилӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда ба аъзогии созмони мероси фарҳанги ҷаҳонӣ - ЮНЕСКО шомил гардида буд.

Зимнан, бояд қайд намуд, ки эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани рўҳияи ватандўстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад. Истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамчун объектҳои туризми фарҳангӣ, ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо ҳадафи асосии кормандони шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг ба ҳисоб меравад.

Сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи
мероси таърихию фарҳангӣ Ш. Хоҷаев