Сомонаи пешина | Шб, 23 Сентябр 2023 / 18:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТАШРИФИ МЕҲМОНОН АЗ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БА «КОЛЛЕҶИ ҶУМҲУРИЯВИИ РАССОМИИ БА НОМИ М. ОЛИМОВ»

18.09.2023.6Дар доираи Вохурии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (14-15 сентябри соли 2023, шаҳри Душанбе) Намоиши асарҳои рассомони давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони "Ҳифзи пиряхҳо омили наҷоти баҳри Арал" баргузор гардид, ки рассомони намоён аз кишварҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сабирбаев Саидбек, Касимова Сарвиноз, Ҷумҳурии Туркманистон Нурмедов Мердан, Бердиев Керим ва Ҷумҳурии Қазоқистон Кененбаев Аманкелди, Есенбаев Оразбек иштирок доштанд.

Меҳмонон дар баробари иштирок дар намоиши мазкур ба Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов» низ ташриф оварданд. Меҳмононро роҳбарияти Муассиса пешвоз гирифта, бо шароит ва имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳаи санъати тасвирӣ аз наздик шинос намуданд. Ҳайати мазкур аз синфхонаҳои таълимӣ, устохонаҳо, толори намоишӣ (галерея), ки асарҳои донишҷӯёну омӯзгорон ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуда, ба шароит ва имкониятҳои мавҷуда, рушди муассиса, маҳорату малакаи касбии ҳайати омӯзгорон, қобилияти баланди омӯзгорону донишҷӯёни ин даргоҳи илму хирад ва касбу ҳунар баҳои баланд доданд. Дар фарҷоми шиносоӣ ва сӯҳбатҳои соҳавӣ аз ҷониби маъмурияти муассиса ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ ҳамчун «армуғон» тақдим гардид.