Сомонаи пешина | Шб, 23 Сентябр 2023 / 20:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ДАСТПАРВАРОНИ МАКТАБИ МУСИҚИИ БА НОМИ З. ШАҲИДӢ ДАР КОНСЕРВАТОРИЯИ ДАВЛАТИИ ӮЗБЕКИСТОН ТАҲСИЛРО ОҒОЗ НАМУДАНД

18.09.2023.1Дар доираи ҳамкориҳои тарафайни миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консерваторияи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзҳои 22-23 майи соли 2023 хатмкунандагони Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ” дар назди устодони забардасти соҳаи мусиқии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳайати комиссияи қабули сайёр аз Консерваторияи давлатии Ҷумҳурии ӯзбекистон, профессор Б.А.Мирпаязов ва дотсент Овчинников Д.П. имтиҳонҳои тахассусӣ супориданд. Хатмкунандагони мактаб-интернат Рамхудоев Эҳсон – аз рӯйи ихтисоси рубоби бадахшонӣ, Ҷумъаев Тилло – бо ихтисоси рубоб, Зарипов Хушдил – скрипка, Юсупова Фархунда – алт, Рахимова Омина – дутор ва Мӯминов Бахтиёрҷон аз Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд бо ихтисоси овозхони академӣ барномаҳои таълимии омоданамудани худро дар саҳнаи имтиҳонӣ иҷро намуданд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари азизамон таълимгирандагон дар Консерваторияи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳунари асил меомӯзанд ва барои онҳо тамоми шароитҳои зарурӣ, ки барои гирифтани таълиму тарбияи соҳавӣ мусоидат менамоянд, таъмин карда шудааст.

18.09.2023.2