17 сентябри соли 2023 зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд, номинатсияи фаромиллии ёдгориҳои: "Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум" мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо ҷавобгӯ будан якбора ба якчанд критерияҳо ва меъёрҳои соҳавии ЮНЕСКО (ii, iii ва v) аз Рӯйхати пешакии мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ ба Феҳристи асосии фарҳанги моддии умумибашарии ЮНЕСКО шомил гардид. Ба номинатсияи фаромиллии "Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум кишварҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон низ шомил буда, дар маҷмӯъ 31 ёдгориро дарбар мегирад. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез ва Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро дохил мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар омоданамоӣ ва пешбарии ин номинатсияи фаромиллӣ, коршиносон ва мутахассисони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита иштирок ва саҳми калидӣ гузоштаанд. Ин яке аз дастовардҳои беназири соҳа дар даврони Истиқлолият ба шумор рафта, бори дигар гувоҳӣ аз он медиҳад, ки кишвари мо таърих ва тамаддуни қадимаи ғанӣ дошта, он рӯз аз рӯз аз ҷониби ҷомеаи мутамаддини башарӣ эътироф мегарданд.