Сомонаи пешина | Шб, 23 Сентябр 2023 / 18:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛИ КОРЕЯ 2023 ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

16.09.2023.10Шоми имрӯз дар назди бинои Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки муовини вазири фарҳанг Назариён Обид Одилзода, сафири Ҷумҳурии Корея Квон Донг Сок ва дигар меҳмонони олиқадр Фестивали Корея 2023 бо шукӯҳу шаҳомати хосса оғоз гардид.Дар маросими ифтитоҳӣ Назариён Обид Одилзода меҳмононро хайрамақдам гуфта оиди таҳкими дӯстии байни ду кишвар суханронӣ намуд. Сафири Ҷумҳурии Корея Квон Донг Сок низ зимни баромади худ аз мехмоннавозӣ ва истиқболи гарми мардуми тоҷик изҳори хушнудӣ кард.

Дар оғози чорабинӣ оиди Ҷумҳурии Корея лавҳаи видеоӣ пахш гардида, ансамбли найнавозони «Друзья», гурӯҳи махсуси мусиқии дӯстии авруосиё, гурӯҳи духтарони Primrose дар жанрҳои гуногуни санъат ҳунарнамоӣ карда табъи меҳмонону иштирокчиёни фестивалро болида гардониданд. Ёдовар мешавем, ки Фестивали Корея 2023 фардо 17 сентябр низ баргузор мегардад.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

16.09.2023.1416.09.2023.1216.09.2023.13