Сомонаи пешина | Шб, 23 Сентябр 2023 / 20:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

СЕМИНАР-МАШВАРАТ БО МАСЪУЛОНИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ ТАБЪУ НАШР ВА МАТБУОТ

16.09.2023.215 09.2023 дар Вазорати фарҳангиТоҷикистон бо иштироки муовини вазири фарҳанг Сафарзода Давлат Шариф ва масъулони муассисаҳои соҳаи табъу нашр ва матбуот семинар-машварат дар мавзӯи “Риояи қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ – омили рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти кишвар” баргузор шуд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Сафарзода Давлат оғоз гардида, мавсуф қайд намуд, ки: « Бешак, дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, матбуот аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум буда, нақши он дар раванди демократикунонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳим мебошад. Айни замон дар мамлакати мо барои рушди воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудааст ва такмили онҳо мунтазам идома меёбад. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма асосан тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», “Дар бораи нусхаи ҳамтии ҳуҷҷатҳо”, “Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешаванд.

Яъне, дар шароити демократия вазифаи асосии матбуот – баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа аз ин ё он ҳодисаву воқеаҳои муҳим, инъикос намудани фикру мулоҳизаҳои гуногун ва ташаккул додани афкори солими аҳли ҷамъият мебошад».

Сипас Мирализода Раҳмоналӣ дар мавзӯи “Риояи қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар Тоҷикистон” баромад намуда аз ҷумла афзуд: - « Амнияти иттилоотӣ ҷузъи таркибии амнияти миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад.

Иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ омили муҳим дар таъмини рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Аммо дар баробари ҷанбаҳои мусбат ҷанбаҳои манфии истифодаи технологияҳои итиилотӣ низ вуҷуд дорад, Аз ҷумла, доираҳо ва гурӯҳҳои манфиатдор иттилоотро ҳамчун абзори таъсиргузор барои амалисозии мақсадҳои сиёсию идеологии худ истифода менамоянд.

Дар шароити муосир амнияти иттилоотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи таъмини амнияти миллӣ ба шумор рафта, сатҳу сифати ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои миллиро муайян менамояд.

Бо ибтикори, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои муҳим дар самти таъмини амнияти иттилооти кишвар ба тавиб расиданд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ», Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиллоот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоотӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шароити заруриро тибқи талаботи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ барои рушди соҳаи матбуот ва дастрасии ҷомеа ба иттилооти дақиқ фароҳам овардааст».

Раҳмоналӣ Мирализода инчунин таъкид дошт, ки: - «Имрӯз вазифаи ҳар як воситаи ахбори омма ин аст, ки новобаста аз шакли моликият ва фаъолияташон дар самти ҳифзи амнияти иттилоотии кишвар фаъол бошанд ва нагузоранд, ки фазои иттилоотии кишвари мо ба майдони пахшу нашри сиёсатҳои бегона табдил ёбад».

Ғайр аз ин Хушдил Раҳимҷон дар мавзӯи “Ташаккули қонунгузории соҳаи табъу нашр ва матбуот”, Абдуфаттоҳ Мираҳмадов – “Риояи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ – асоси рушди матбуоти даврӣ”, Нодирзода Сайзароб -“Татбиқи муқаррароти дастраснамоии нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо ва низоми корбурди рақами стандарти байналмилалии китоб” суханронӣ намуданд.

Сармуҳаррири рӯзномаи СССР Сайёфи Мизроб оиди таъмини амнияти иттилоотӣ ва риояи ахлоқ дар журналистика ибрози андеша намуда қайд кард, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ мо бояд пеш аз ҳама тамоми нерӯи худро ба рушди тафаккури миллӣ, бедории сиёсӣ ва таҳкими арзишҳои миллӣ равона созем. Дар охир андешаҳои гуногун пешниҳод гардида, аҳли нишаст ба саволҳои худ ҷавобҳои кӯтоҳ, мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Семинар-машварат бо масъулони муассисаҳои соҳаи табъу нашр ва матбуот пурмуҳтаво, саривақтӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуд.

16.09.2023.616.09.2023.4