Сомонаи пешина | Шб, 23 Сентябр 2023 / 19:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТАШРИФИ МЕҲМОНОН АЗ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БА ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН

 

16.09.2023.1Дар доираи баргузории Вохурии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал як зумра рассомони барҷаста аз кишварҳои ба мо дӯсту бародари Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ аз шароит ва имкониятҳои омода намудани мутахассисони соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн ташриф оварданд. Меҳмонони фахриро Ректори Донишкада, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат пешвоз гирифта, бо шароит ва имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, ки ҷузъе аз муҳимтарин соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ, яъне фарҳанг ба ҳисоб меравад, аз наздик шинос намуд. Ҳайати меҳмонон аз синфхонаҳои таълимӣ, устохонаҳо, толори намоишӣ (галерея) дар маҷмӯъ аз маҳсули заҳмати устодону шогирдон дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн дидан намуда, ба шароит ва имкониятҳои мавҷуда, рушди босуръати Донишкада дар 10 соли фаъолият, маҳорату малакаи касбии ҳайати профессорону омӯзгорон ва қобилияти баланди бархе аз шогирдони ин даргоҳи илму хирад ва касбу ҳунар баҳои баланд доданд.

Дар фарҷоми шиносоӣ ва сӯҳбатҳои соҳавӣ аз ҷониби Раёсати Донишкада ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ ҳамчун армуғон тақдим карда шуд.