Сомонаи пешина | Шб, 23 Сентябр 2023 / 19:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

“Ҳифзи пиряхҳо – омили ҳифзи баҳри Арал”.

14.09.2023.1Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳифзи пиряхҳо – омили ҳифзи баҳри Арал” бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода, директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов Сироҷиддин Ҷурахонзода, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Зафаршо Иброҳимзода, Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова, рассомони кишварҳои Осиёи Марказӣ, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе намоиши офаридаҳои рассомони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Чорабиниро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид.

Бояд тазаккур дод, ки дар намоиш рассомони кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёда 100 асарҳои офаридаи хеш, ки мавзӯҳои табиат, об, тағйирёбии иқлим, мушкилот ва наҷоти баҳри Аралро дар бар мегирифт, пешкаши меҳмонону иштирокчиён намуданд.

Дар охири чорабинӣ аз ҷониби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рассомон ва нафароне, ки дар ташкил ва баргузории намоиш саҳми назаррас гузоштанд, «Шаҳодатнома» (Сертификат) дода шуд. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур - ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва наҷоти баҳри Арал мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки намоиши “Ҳифзи пиряхҳо – омили ҳифзи баҳри Арал” дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА), ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, гузаронида шуд.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

14.09.2023.814.09.2023.10