Сомонаи пешина | Шб, 23 Сентябр 2023 / 20:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Шоми дӯстӣ» - таҳкимбахши робитаҳои фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ

9.09.2023.1Имрӯз 9 сентябри соли 2023 ҳайати ҳунарии Туркманистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати иштирок ба барномаи муштараки фарҳангии «Шоми дӯстӣ», ки дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, 14 сентябри соли 2023, дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” баргузор мегардад, вориди пойтахти Тоҷикистон гардиданд.

Ҳайати меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд. Ташрифи ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзи 11 сентябр дар назар аст. Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бори аввал дар Тоҷикистон доир мегардад. Ин рӯйдоди фарҳангӣ барои густариш ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои минтақа заминаи мусоидро фароҳам меорад.