Сомонаи пешина | Шб, 23 Сентябр 2023 / 19:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН БО САФИРИ ПОКИСТОН

8.09.2023.1Рӯзи 7 сентябри соли 2023 мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат бо Сафири навтаъини Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Муҳаммад Саид Сарвар баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баррасӣ гардида, баргузории Рӯзҳои фарҳангро байни кишварҳо муҳим арзёбӣ шуд. Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум доир гардид.