Сомонаи пешина | Шб, 23 Сентябр 2023 / 19:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЗУЛФИЯ ДАВЛАТЗОДА БА АҲЛИ ҲУНАРУ САНЪАТИ ТОҶИКИСТОН БА ИФТИХОРИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

7.09.2023.1Ҳанӯз дар солҳои аввали Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд: «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст».

Аз ҳамин нияту амали нек аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз дар сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат рушди бонизоми фарҳангу санъат, эҳёи суннату фарҳанги антиқии милливу ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани он самтҳои афзалиятнок гардидаанд.

Аҳли фарҳангу ҳунар аз чунин пайгирӣ ва иқдомҳои беназири Сарвари давлат дар муназзамгардонии ҳифзу рушди фарҳанги асили миллати тоҷик ифтихорманданд ва ҷавобан ба ғамхорию дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззам омодаанд, ки барои татбиқи сиёсати фарҳангпарварона тамоми қувваю ғайрат ва донишу малакаи касбии хешро равона созанд.

Қобил ба таъкид аст, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва суръати тараққиёти ҷаҳони муосир ва ҳамаи он таҳаввулоте, ки дар ҳаёти рӯзмарра ба вуҷуд омада истодааст, аз тамоми ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ тақозо менамояд, ки фаъолиятро дар самтҳои мухталиф ба тарзу услуби нав ба роҳ монанд.

Бо назардошти ин, айни замон Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи наву ҳадафманд ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳаро тарҳрезӣ намуда истодааст, ки ба ин васила ҷиҳати татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғанӣ гардидани фазои фарҳангии мамлакат, ташаккули майлу рағбати зебописандӣ ва ҳунари эҷодгарии афроди ҷомеа шароити мусоид фароҳам хоҳад омад.

Айни замон, ҷиҳати таъмини рушди устувори муассисаҳои фарҳанг дар марҳилаи нави пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон силсилаи тадбирҳо андешида шуда, ба масъалаи тақвият бахшидани муҳити фарҳангии мамлакат, бо тарзу мундариҷаи нав баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ баҳри солим нигоҳ доштани фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, тарбияи кадрҳои болаёқат, тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳо, эҳё ва рушди фаъолияти тамоми равияҳо, шаклҳо ва намудҳои соҳаи фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад.

Дар ин замина, баҳри мутобиқгардонии мундариҷа ва самти фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, театриву консертӣ, таълимӣ ва соҳаи табъу нашр ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати таҷдид ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори соҳаи фарҳанг, бунёди заминаи моддӣ-техникии замонавии муассисаҳои фарҳанг, фароҳам овардани шароити мусоид барои ворид шудани муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу ҳунар ба низоми ягонаи таҳсилот тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва бозори ҷаҳонии меҳнат, таъмини шароит баҳри ривоҷу равнақи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат тадбирҳои мушаххас пешбинӣ гардиданд.

Зимнан, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва нишондодҳои барномаҳои соҳавӣ вобаста ба такмили минбаъдаи заминаи ташкилию ҳуқуқӣ, иқтисодию молиявӣ ва илмию методии сиёсати давлат дар соҳаи фарҳанг кӯшиш менамояд, ки минбаъд тамоми имкониятҳоро истифода бурда, дар ин радиф, диққати асосиро минбаъд ба беҳтар намудани хусусияти инноватсионии фаъолияти фарҳангӣ, ҷалби нерӯи инсонӣ ва захираҳои эҷодӣ, фароҳам овардани муҳити рақобатпазири фарҳангӣ, беҳтар намудани афзалиятнокии мероси таърихию фарҳангии миллӣ, ки ҷавҳар ва ҳаммонандии миллии фарҳанги ватаниро дар арсаи ҷаҳонӣ ифода менамояд, равона намояд.

Дар ин замина, ҷиҳати тавсеаи фаъолияти театрӣ-консертӣ баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии фарҳангӣ, шаффофият ва дастрасии онҳо ба мардум, пешкаши саривақтию босифати чунин хизматрасониҳо, пешниҳоди лоиҳаҳои инвеститсионӣ баҳри таъмини самтҳои фаъолияти эҷодӣ нақшаҳо таҳия гардида истодаанд.

Дар самти фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ бояд қайд намуд, ки дар ин давра, як қатор фестивалу озмунҳо бо шаклу мундариҷаи нав баргузор гардида, ба натиҷаҳои воқеии ин чорабиниҳо баҳои воқеӣ ва сазовор дода шуд. Бо қаноатмандӣ метавон қайд намуд, ки Озмунҳои «Тоҷикистон - Ватани азиз ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат», ки бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида истодаанд, истеъдодҳои зиёдеро дар фазои фарҳангии мамлакат кашф намуд.

Вазорати фарҳанг имрӯз бо дарназардошти таъсири омилҳои манфии иқтисодиёти ҷаҳон, баҳри такмил ва дигаргунсозии мундариҷаи чорабиниҳои анъанавии фарҳангӣ мутобиқ ба талаботи имрӯза тадбирандешӣ намуда, модели намунавии сохтори китобхонаҳои замонавӣ дар деҳотро таҳия намуда истодааст.

Ҳамзамон, ҷиҳати густариши раванди сертификатсиякунонии қитъаҳои замин, бино ва амволи муассиса ва иншооти фарҳангӣ ва ба тавозуни шуъбаҳо ва бахшҳои фарҳанг баргардонидани тамоми муассисаҳои фарҳанг чораҷӯӣ карда истодааст.

Бо қаноатмандӣ бояд изҳор намуд, ки айни замон, проблемаи ободонии боғҳо дар шаҳру ноҳияҳо, ки қаблан вуҷуд дошт, роҳи ҳалли худро пурра ёфта истодааст.

Бо мақсади ба низом даровардани системаи дурнамо ва банақшагирии эҳтиёҷоти соҳа ба кадрҳо ва талабот ба мутахассисон дар соҳаи фарҳанг ва санъат, дурнамои тайёр намудани кадрҳои соҳибтахассус барои 5 соли оянда, тибқи талаботи мушаххаси таъмини муассисаҳои фар-ҳангӣ бо кадрҳо таҳия гардид.

Соҳаи табъу нашр ва сифати чопи китобҳои бадеию таълимӣ низ зери таваҷҷуҳи вазорат қарор гирифта, дар ин самт аз ҷониби масъулин тӯли солҳои охир низоми муайян ва шакли комили табъу нашр ба роҳ монда шуд, ки натиҷаи воқеии онро мо имрӯз бараъло дида истодаем.

Бо қаноатмандӣ метавон қайд намуд, ки имрӯз дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибати мардум ба фарҳанг куллан дигаргун гардида, дар баробари аҳли ҳунару санъат мардум дар рушду таҷлили ҷашнвораҳои таърихиву миллӣ мустақиман ширкат меварзад.

Дар натиҷаи чораандешиҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир маблағгузории соҳа низ ба таври назаррас афзоиш ёфта истодааст.

Ба шарофати сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, баҳри фароҳам овардани фазои мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҷиҳати фаъолияти пурсамари муассисаҳои фарҳангии кишвар ва ҳаллу фасли маҷмӯи мушкилоти мавҷудаи соҳаи мазкур солҳои соҳибистиқлолӣ як силсила қонун ва барномаҳои давлатӣ ба тавсиб расиданд, ки ба рушду такомули фарҳанги миллӣ такони бузург бахшиданд.

Бо итминон метавон қайд намуд, ки имрӯз аҳли фарҳангу эҷоди кишвар баҳри ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию ватанпарастии ҷомеа тамоми нерӯи худро равона намудааст.

Бо як ҷаҳон таманниёти нек дар ростои ин ҷашни фархундаву муқаддас – 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми аҳли фарҳангу санъати мамлакатро аз номи роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, дар ҷодаи басо заҳматталабу пуршараф ба манфиати ҷомеа ва баҳри гулгулшукуфии кишвари азизамон пешрафту комёбӣ хоҳонам.

Итминон дорам, ки дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, аҳли фарҳангу санъат ин армуғони беназири таърих – Истиқлолият, ваҳдату ягонагии миллатамонро барои ҳамешагӣ ҳифз ва таъмин намуда, дар баробари ин, онро ба наслҳои оянда мерос мегузорем.

Бигзор, дар осмони софи давлати соҳибистиқлоли мо ҳамеша зиёи хуршед дурахшон бошад.

Ҷашни Истиқлол муборак!