Сомонаи пешина | Шб, 23 Сентябр 2023 / 20:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТАҚДИМИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ БА КОРМАНДОНИ СОҲАИ ФАРҲАНГ ВА САНЪАТ

 5.09.2023.4Имрӯз дар Вазорати фарҳанг бахшида ба 32 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон, Вазири фарҳанг Давлатзода Зулфия Давлат ва кормандони вазорат чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон ҳозиринро бо фарорасии ҷашни муқаддаси миллӣ, 32- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба рушди фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ  андешаҳои худро иброз дошт. Мавсуф таъкид дошт, ки дар асри  ҷаҳонишавӣ  ҳифзи фарҳанги миллӣ ва рушд додани  он яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар яки мо мебошад. Воқеан аҳли фарҳанг дар таҳкими пояҳои Истиклол ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ нақши бориз доранд.

«Дар сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанг ҷойгоҳи баланд дорад. Сарвари давлат фарҳангро ҳастии миллат арзёбӣ намудаанд, ки нишон аз таваҷҷуҳи амиқи эшон ба масъалаҳои рушди фарҳанги миллӣ мебошад», - афзуд Асадулло Раҳмон.

Сипас як қатор кормандони соҳаи фарҳанг ва санъат барои фаъолияти пурсамар ва хизматҳои шоиста бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Аз ҷумла, Сармуҳаррири Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии "Энсиклопедияи миллии Тоҷик" Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ бо унвони  «Корманди шоистаи Тоҷикистон», 12 нафар бо медали «Хизмати шоиста» ва 4 нафар бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки қаблан 30- август 20 нафар кормандони соҳаи фарҳанг бо унвонҳои «Нависандаи халқии Тоҷикистон», «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон», «Ҳофизи халқии Тоҷикистон», «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон», «Корманди шоистаи Тоҷикистон », «Медали хизмати шоиста» ва Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда буданд.

5.09.2023.1

5.09.2023.2