Сомонаи пешина | Шб, 23 Сентябр 2023 / 19:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ИФТИТОҲИ НАМОИШИ "ДАРАХТИ ДӮСТИ БИНШОН, КИ КОМИ ДИЛ БА БОР ОРАД, УСТОД ШОГИРД "КУНДАЛ"

 

1.09.2023.17Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Академияи рассомии Ӯзбекистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 27-уми августи соли ҷорӣ дар бинои Нигористони Регистони шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Намоиши асарҳои омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони "Дарахти дӯсти биншон, ки коми дил ба бор орад. Устод шогирд "Кундал"" бахшида ба 32-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.

Зикр кардан ба мавридаст, ки намоиши мазкур барои дӯстдорон ва ҳаводорони олами зебову рангини эҷод дар равияи кундалнигорӣ, ки яке аз шохаҳои муҳими санъати тасвирӣ ба ҳисоб меравад, қарор аст то санаи 10-уми сентябри соли ҷорӣ идома ёбад.