Сомонаи пешина | Шб, 23 Сентябр 2023 / 19:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

КОЛЛЕҶИ САНЪАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА НОМИ АҲМАД БОБОҚУЛОВ РӮЗИ ДОНИШРО САМИМОНА ТАҶЛИЛ КАРД

 

1.09.2023.16Дар Муассисаи давлатии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов 1 сентябр-Рӯзи дониш ботантана ва шукӯҳи хоса таҷлил гардид, ки дар ҷорабинӣ сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирализода Раҳмоналӣ, роҳбарият, омӯзгорону шогирдони муассиса иштирок доштанд.

Нахуст иштирокчиён суханронӣ ва мулоқоти самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо аҳли маорифи кишвар, ки чун анъанаи нек дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар маросими ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара доир гардид, ба таври мустақим тамошо карданд.

Сипас, Раҳмоналӣ Мирализода табрикоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлатро ба омӯзгорону донишҷӯёни муассиса қироат намуд, ки дар паёми табрикии вазири фарҳанг аҳли маорифи кишварро ба Рӯзи дониш, ки ҳамчун рӯзи таърихӣ ҳамасола ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфта, ба омӯзгорону донишҷӯёни муассиса комёбиҳои назаррас таманно намуд.

Роҳбарияти муассиса низ омӯзгорон ва донишҷӯёнро бо фаро расидани соли таҳсили 2023-2024 табрику муборакбод намуда, дар фаъолияту хониши минбаъдаашон бурдбориҳо орзу карданд. Рӯзи дониш дар муассиса хотирмону диданӣ таҷлил гардид.

Марям Холиқзода