Сомонаи пешина | Шб, 23 Сентябр 2023 / 20:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ БО ИШТИРОКИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГ ДАР ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ ФАРҲАНГ ВА САНЪАТИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ М. ТУРСУНЗОДА

 

1.09.2023.101сентябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён Рӯзи дониш таҷлил карда шуд.

Нахуст иштирокдорони ҳамоиш суханронӣ ва мулоқоти самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо аҳли маорифи кишвар, ки чун анъанаи нек дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар маросими ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, ба таври мустақим тамошо карданд. Баъд аз тамошои суханронии Президенти мамлакат вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорону шогирдони муассисаро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш табрику таҳният гуфта, ба онҳо сарбаландию муваффақият ва дастовардҳои нав ба нав таманно намуд.

Зулфия Давлатзода аз ҷумла зикр намуд, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамасола 1-уми сентябр-Рӯзи Дониш ботантана ва шукӯҳи хосса таҷлил гардида, дарси аввали соли нави таҳсил аз Дарси сулҳ оғоз мегардад. Рӯзи дониш дар ҷомеаи мо аҳаммияти бузурги таърихӣ дошта, оғози соли нави таҳсил ва рамзи саъю кӯшиши дониш ва нашъунамои мамлакати азизамон мебошад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ин рӯз ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва маърифату маънавиёт таҷлил мегардад, ки пеш аз ҳама гувоҳи равшани ғамхориву таваҷҷӯҳи доимиву хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф мебошад, ки дар ин маврид қайд менамоянд: «бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва гамхорӣ нисбат ба маориф - сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».

Вазири фарҳанг таъкид бар он намуд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати меҳнати содиқонаи мардуми кишвар, аз ҷумла омӯзгорону устодони муҳтарами Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаьдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз кадамҳои устувор гузошта истодааст.

Мавсуф Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”-ро яке аз муассисаҳои калидии соҳаи фарҳангу санъати Тоҷикистон арзёбӣ намуда, дар идомаи сухани хеш зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои донишкада ва сатҳу сифати таълим ба куллӣ дигаргун гашт. Зулфия Давлатзода перомуни сулҳу субот дар кишвар ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ибрози назар намуда, таъкид кард, ки мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳамияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем. Дар баробари ин, пайваста ба мутолии китоб, бахусус адабиёти бадеӣ машғул шуда, сатҳи донишу маърифатамонро баланд бардорем. Зеро маҳз дониш омили муҳим барои таҳкими сулҳу субот ба шумор рафта, баҳри зиндагии шоиста, таъмини осмони софу беғубор, оромии ҷомеа ва дар маҷмуъ, барои рушду тараққиёти давлату пешрафти кишвар шароити мусоид фароҳам меорад.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин дар навбати худ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва ҳозиринро ба донишкада хайрамақдам гуфта, ба муносибати Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва фаро расидани соли таҳсили 2023-2024 самимона табрик намуда, ба иштирокдорони чорабинӣ тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар кору таҳсилашон муваффақиятҳои беназир орзу намуд.

Ректори донишкада зимни суханронии табрикии худ, махсусан, ба онҳое, ки дар соли равон ба номи пурифтихори донишҷӯ сазовор гардида, имрӯз нахустин қадамҳои худро ба даргоҳи илму фарҳанг ва санъат гузоштанд, таҳсили хубу аъло орзу намуда, дар оянда ҳамчун кадрҳои сазовор ба воя расидан ва барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон саҳмгузор гаштанро таманно кард.

Ректори донишкада таъкид кард, ки соҳаи маориф дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста ва муҳимро касб менамояд.

Сарвари давлат ба ин соҳа ҳамчун омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро кафили асосии баланд бардоштани рушди неруи инсонӣ медонанд. Аз ин лиҳоз, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишкадаро зарур аст, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ барои дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаю фарҳангсолоронаи Пешвои миллат пайваста талош варзанд. Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъминоти методию техникии раванди таҳсилот, омода намудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва дигар васоититаълимии ба талаботи рӯз ҷавобгӯ, иштироки фаъолонаи устодону донишҷӯён дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии сатҳи баланд, аз қабили озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, фестивал-озмуни “Андалеб” ва дигар озмунҳои сатҳашон гуногун дар меҳвари фаъолияти мо қарор дошта, дар ин самт дастовардҳои зиёд дорем.

Қайд гардид, ки дар давоми шашмоҳаи соли ҷорӣ 23 нафар донишҷӯёни донишкада дар озмуну фестивалҳои байналмилалии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи ғайриҳузурӣ ширкат намуда, бо диплому ифтихорномаҳои озмунҳои байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд.

Инчунин, 22-юми майи соли 2023 дар донишкада якумин Озмуни байналмилалии рушди санъати миллӣ таҳти унвони “Дӯстӣ бимонад ҷовидон” бахшида ба 50-солагии донишкада баргузор гардид, ки дар он довталабон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҶумҳурииТоҷикистон тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ бо пешниҳод намудани наворҳо иштирок намуданд.

Дар кори Озмуни мазкур 29 довталаб тариқи ҳузурӣ ва 98 довталаб тариқи ғайриҳузурӣ бо пешниҳод намудани наворҳо аз рӯи номинатсияҳои пешбинишуда иштирок намуда, ғолибон аз ҷониби ҳайати ҳакамон муайян карда шуданд, ки дар байни онҳо устодон ва донишҷӯёни мо буданд. Баъди суханронии ректори донишкада як гурӯҳ устодон, аз ҷумла Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Майрам Исоева ва Моҳрухсор Сафиева, ки тоза ба унвони баланди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон шарафёб гардидаанд, баромад карда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини шароити мусоиди корӣ ва ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба пешрафти соҳаи фарҳанг, ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, ректори донишкада Низомӣ Муҳриддин изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

1.09.2023.13