Сомонаи пешина | Шб, 23 Сентябр 2023 / 19:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ВАЗИРИ ФАРҲАНГ АЗ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ МИЁНАИ МАХСУСИ МУСИҚИИ ҶУМҲУРИЯВИИ БА НОМИ З. ШАҲИДӢ ДИДАН НАМУД

 31 августи соли равон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат ҷиҳати ошно шудан бо шароитҳо дар соли нави хониш ба Муассисаи давлатии "Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ" ташриф овард.

Дар ҷараёни боздид аз муассиса Зулфия Давлатзода бо шароитҳои синфхонаҳои дарсию фаннӣ, хонаҳои хобу хӯрокхурии таълимгирандагон, толори маҷлисгоҳ ва гирду атрофи бино дидан намуд.
Вазири фарҳанг аз муттасадиён ва роҳбарияти муассиса ҷиҳати омодагии хуб ба соли нави таҳсил изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, вобаста ба ҳалли баъзе камбудиҳои ҷойдошта пешниҳоду маслиҳатҳои муфид иброз дошт.
Зикр кардан ба маврид аст, ки таълимгоҳ ба соли нави хониш омода буда, хонандагон аз синфхонаҳои тозаю барҳаво, гирду атрофи зебою гулпӯш рӯҳу илҳоми тоза бардошта, барои омӯзишу аз бар намудани ҳунару санъат кӯшишҳо карда, барои муаррифии мусиқии тоҷик дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор хоҳанд гузошт.

Марям Холиқзода

1.09.2023.1