Сомонаи пешина | Ҷм, 02 Июн 2023 / 10:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

МАҲФИЛИ АДАБӢ – ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ДУНЁИ ҶАВОНӢ” БАХШИДА БА “РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”

 

24.05.2023.1Рӯзи 23 майи соли равон дар дар назди "Маҷмаъаи Садриддин Айнӣ" бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дизайн”-и Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маҳфили муштараки адабӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “Дунёи ҷавонӣ” ташкил ва баргузор гардид.

Маҳфил бо иштироки муовини якуми Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, Ширинбекзода Садриддин Авазбек мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон ва Мирзозода Иброҳим Холмурод Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ректори Донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат баргузор гардид.

Сараввал Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ ҳамагонро ба ифтихори таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” шодбош намуда, қисмати сиёсии маҳфили адабӣ – фарҳангиро, таҳти унвони “Дунёи ҷавонӣ” ҳусни оғоз бахшида, тамоми иштирокчиёни чорабиниро ба ифтихори таҷлили “Рӯзи ҷавонон Тоҷикистон” табрику таҳният намуд.

Зикр гардид, ки ҳамасола дар кишвари хуршедии мо - Тоҷикистони азиз санаи 23-юми май ҳамчун “Рӯзи ҷавонон Тоҷикистон” бо шукӯҳу ҷалоли хосса ҷашн гирифта мешавад.

Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро барои насли ояндасозу ватанпараст ҷиҳати зиндагиву фаъолияти шоиста муҳайё сохтаанд.

Ҳамчунин дар баромадҳо зикр гардид, ки имрӯз ҷавонони мо такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд. Ватанро сидқан ва самимона дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар кадоми мо – ҷавонон бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

Дар интиҳои қисмати мазкур як қатор ҷавонони фаъоли Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Дизайн" бо Ифтихорномаи ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.

24.05.2023.224.05.2023.324.05.2023.524.05.2023.4