Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба матлаби сомонаи Радиои Озодӣ таҳти унвони “Аз табиб то мулло. Фурӯши иҷбории чиптаи консертии Юлдуз дар Ваҳдат” нашр гардидааст, иттилоъ медиҳад, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанг расмиёти сафари ин ҳунарпеша ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидааст.
Барои баргузории консерти Юлдуз Усмонова ба унвонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва фурӯши иҷбории чиптаҳои барномаи мазкур аз ҷониби вазорат ягон мактуб ирсол нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки масоили вобаста ба фурӯши чиптаҳо ва ташкили барномаро Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии “Базморо” мутобиқи муқаррароти оинномавияш ба зимма дошта, фурӯши чипта бо арзиши 30 сомонӣ ба тариқи озод пешниҳод гардидааст.