Сомонаи пешина | Ҷм, 02 Июн 2023 / 11:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ” ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» доир гардид

 

19.05.2023.14Бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар соли 2023 ба иттилои Шумо мерасонем, ки рӯзи 18.05.2023 дар толори калони Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ” ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» доир гардид.

Дар рафти ҷамъбасти чорабинӣ ва натиҷагирӣ аз он, муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ Саодат Шукурова, сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе С. Киромзода ва ҳайати ҳакамони озмун ҳузур доштанд.

Барои ғолибони даври ноҳиявии озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки соҳибистеъдодҳо аз муассисаҳои соҳавӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Фирдавсӣ аз рӯйи жанрҳои академӣ, эстрадӣ, анъанавӣ бо теъдоди 46 баромад иштирок намуданд.

Аз ҷониби мактаб-интернати мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ ҳамагӣ 24 нафар баромад намуда, 20 нафар онҳо ба даври шаҳрии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.

19.05.2023.15