Сомонаи пешина | Ҷм, 02 Июн 2023 / 11:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Мулоқот бо комиссари олии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ

 

19.05.2023.11Имрӯз вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат бо комиссари олии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ Қайрат Абдураҳмонов мулоқот анҷом дод.

Дар рафти вохӯрӣ доир ба масъалаҳои муҳими фарҳангӣ ва ақаллиятҳои миллӣ, ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, нажод, дин ва забон андешаронӣ намуданд.

Дар робита ба ин, вазири фарҳанг қайд намуд, ки ақаллиятҳои миллӣ зери таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг баҳри ҳарчи бештар фаро гирифтани ҷомеаи ақаллиятҳои миллӣ ба чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, дастгирии онҳо ва истифодаи фарҳанг барои рушд ҳамаҷониба тадбирҳои хоса роҳандозӣ намуда, дар навбати худ саҳму иштироки ақаллиятҳои миллӣ дар ҳаёти фарҳангии кишвар хеле назаррас мебошад.

Инчунин, ҷонибҳо бобати густариши ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи фарҳанг ва санъат мубодилаи афкор намуданд.

Дар маҷмӯъ мулоқот дар сатҳи баланди тадорукоттӣ ва ҳусни тафоҳуми ҷонибҳо анҷом ёфта, муносибатҳои фарҳангии ду дуҷониба нек арзёбӣ гардид.

19.05.2023.12