Сомонаи пешина | Ҷм, 02 Июн 2023 / 11:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» ҷамъбаст гардид

18.05.2023.1Ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025” ва фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2023 № 46, 18 майи соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони “Оинаи таърих” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, ки бевосита бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат иштирок ва суханронӣ намуда, ҳамчунин аз толори навтаъсиси шаҳристони Тахти Сангин боздид ба амал оварданд.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур ҳама осорхонаҳои мамлакат фаъолона ширкат намуда, корҳои амалиро дар тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, ҳисси хештаншиносии аҳолӣ ва эҳтиром мероси фарҳангии ниёгон , ки яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ба анҷом расонидаанд.

Ёдовар бояд шуд, ки озмуни Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих давоми моҳҳои март-май дар се давр баргузор шуда, тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон ба даври ниҳоӣ аз рӯи бахшҳои «Беҳтарин осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ» ва «Беҳтарин хона-музей» 15 осорхона роҳхат гирифт.

Ҳамин тариқ, дар бахши «Беҳтарин осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ» осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дар бахши «Беҳтарин хона-музей» хона-музейи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойҳои аввал гаштанд. Ҳамаи иштирокдорон ва ҳакамони озмун бо Диплому мукофоти пулӣ ва Сипосномаҳои Вазорати фарҳанг қадрдонӣ гардиданд.

18.05.2023.218.05.2023.318.05.2023.418.05.2023.518.05.2023.618.05.2023.718.05.2023.8