Сомонаи пешина | Ҷм, 02 Июн 2023 / 10:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тоҷикистон меҳмони вижаи Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон”

 

15.05.2023.611 майи соли 2023 маросими ифтитоҳи ғурфаи Тоҷикистон дар 34-умин давраи Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” бо ҳузури Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдии Исмоилӣ, Раиси Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон”, муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёсир Аҳмадванд, намояндагони корпуси дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар Теҳрон, ноширон, адибон, боздидкунандагон, хабарнигорон ва фаъолони расонаӣ бо шукӯҳу тантана баргузор гардид.

Вазирони фарҳанги ҳарду кишвар ва ҳайати ҳамроҳон дар ғурфааи Тоҷикистон, ки имсол бо даъвати ҷониби эронӣ дар Намоишгоҳ ба ҳайси меҳмони вижа иштирок мекунад, бо китобҳои тозанашри нашриётҳои Тоҷикистон, осори санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ошно шуданд. Ошноӣ бо китобҳои арзагардида дар ғурфаҳои китоби кишварҳои ширкаткунанда дар бахши байналмилалии Намоишгоҳ идома ёфт.

Дар ғурфаи китоби Ҷумҳурии Туркия ба вазирони фарҳанги Тоҷикистону Эрон нусхаҳои қадимтарин асари гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ “Маснавии маънавӣ” эҳдо карда шуд.

Сипас дар Толори милали Намоишгоҳ нишаст таҳти унвони “Чашандозе ба таомулоти фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон” баргузор шуд.

Дар ин нишаст Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдии Исмоилӣ, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ, Раиси 34-умин давраи Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” Ёсир Аҳмадванд ва дигарон суханронӣ ва дар робита ба мавзӯи ҷаласа изҳори назар намуданд.

Зикр гардид, ки робитаҳои фарҳангии ҷумҳуриҳои ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистону Эрон бо ҷидду ҷаҳд ва талошҳои сарварони ҳарду кишвар - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам ҷаноби оқои Иброҳими Раисӣ ҳамвора густариш ва тавсеа меёбанд.

Чунончи, дар натиҷаи мулоқотҳои созанда ва мутақобилан судманди сарони кишварҳо танҳо дар давоми соли гузашта Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва дар фазои комилан дӯстонаву самимона баргузор гардиданд, ки аз ҷониби мардумони фарҳангпарвар ва ҳамдилу ҳамзабони тоҷику эронӣ мавриди истиқболи гарм қарор гирифтанд. Ҳамчунин, соли гузашта ноширони Тоҷикистон дар 33-юмин давраи Намоишгоҳи байналмилалии Китоби Теҳрон ширкат варзиданд ва ноширони эронӣ дар 10-умин Намоишгоҳи байналмилалии Китоби Душанбе меҳмони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.

Имрӯз сатҳи равобити дӯстонаи фарҳангии ду кишвар боз ба як зинаи дигар боло рафт. Ҳайати фарҳангиёни Тоҷикистон бо даъвати вазири муҳтарами фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои Муҳаммадмеҳдии Исмоилӣ ба ҳайси меҳмони вижа дар 34-умин давраи Намоишгоҳи байналмилалии Китоби Теҳрон ҳузур доранд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода барои ин даъвату инояти вижа аз ҳамтои эронии хеш ҷаноби оқои Муҳаммадмеҳдии Исмоилӣ изҳори сипоси вижа намуд.

Мавсуф ҳамчунин бар нуктаҳо таъкид кард, ки фазои Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон дар воқеъ барои ноширон, муаллифону муҳаққиқон, шоирону нависандагон ва мудирони риштаи табъу нашр ин фурсати тилоиро фароҳам сохтааст, ки дар ҷиҳати рушду тавсеаи ҳамкориҳои судманд ва табодули таҷрибаи муфид иқдомҳои амалии бештар анҷом бидиҳанд.

Намоишгоҳ имконоту фурсатҳоеро дар ихтиёри мо қарор додааст, ки мо бо чашми китоб ва аз миёни сатрҳои китоб ҳамдигарро бубинем, беҳтарин муаллифонро бишносем, беҳтарин таълифотро интихоб кунем, беҳтарин китобҳоро барои азизони хеш ба армуғон бибарем, беҳтарин шариконро ба ҳамкорӣ даъват намоем ва дар ифои рисолати аслии хеш – тарғиби мардум ба китобу фарҳанг муҳимтарин иқдомотро анҷом бидиҳем.

Ба андешаи Зулфия Давлатзода - “Асли фарҳанги ҳар миллат дар китобҳои он маҳфуз аст ва агар бихоҳем, ки дар ҷиҳати рушду тавсеаи фарҳанги миллии хеш кори мондагоре анҷом бидиҳем, бояд, ки рӯ ба китоб биёрем.

Китоб гаронсангтарин ва арзишмандтарин сармояи муштараки фарҳангии мардумони фарҳангпарвару тамаддунсози тоҷику эронӣ аст.

Мо ин ҳидоят ва насиҳатро ҳанӯз беш аз ҳазор сол муқаддам аз падари шеъри порсӣ устод Рӯдакӣ ёд гирифтаем, ки:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ!

Намояндагони фарҳанги ду кишвар изҳори хушҳолӣ карданд, ки имрӯз ба хотири ҳамин ганҷи шойгон, яъне китоб дар канори ҳам қарор гирифтаанд ва ба ҳайси ворисони барҳаққи ин фарҳанги беназир адои вазифа менамояд. Бидуни шак, фарҳанг дар ҳама давру замон мунодии дӯстиву рафоқат, сулҳу сафо, амнияту оромиш, наҷобату шарофат ва омилии аслии пойдории равобити ҳасана дар миёни ҷомеаи башарӣ буд ва то ҷаҳон боқист, ин рисолат бар дӯши аҳли фарҳанг ҳамчунон боқӣ хоҳад монд.

Ҳеҷ неруе ба ҳадди неруи фарҳанг қавию ҷаззоб нест.

Ҳарду ҷониб изҳори омодагӣ карданд, ки ин дарахти баруманди дӯстиву рафоқатро ҳифзу парвариш намоянд.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар интиҳои сухани хеш, ба ҳамаи созмондиҳандагону дастандаркорон ва ҳамаи меҳмонону иштирокдорони ин ҳамоиши муҳташами фарҳангӣ, яъне 34-умин давраи Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” барори кор, иззату ифтихор ва тавфиқи бешумор таманно намуд.

Мирализода Раҳмоналӣ Сардори

раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг

15.05.2023.715.05.2023.915.05.2023.815.05.20239