Санаи 04 майи соли равон дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ, Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва аҳли фарҳангу ҳунари мамлакат доир гардид.
Дар маросими ҷамъбасти Фестивал-озмун «Шоҳҷоиза» ба Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ба намоиши «Мастер ва Маргарита» аз рӯи асари Михаил Булгаков дар таҳияи Хуршед Мустафоев дода шуд.
Дар номинаи беҳтарин намоиш бошад, «Пораабри сафеди Чингизхон»-и Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз рӯи асари Чингиз Айтматов дар таҳияи Суҳроб Усмонов сазовори ҷойи якум гардид.
Ҷойи дуюм ба намоиши «Зол ва Рудоба»-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз рӯи асари Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода дода шуд.
Ҷойи сеюм ба Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ барои намоиши «Савдо» дар таҳияи Умед Хусравов дода шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки Фестивали мазкур бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев баргузор гардида, дар он 18 театри касбии ҷумҳурӣ иштрок намуда, беҳтарин намоишномаҳое, ки тӯли солҳои 2021 – 2022 рӯи саҳна омадаанд, барои мухлисони санъати театрӣ ва қазовати ҳайати ҳакамон пешниҳод мегарданд.