Сомонаи пешина | Ҷм, 02 Июн 2023 / 11:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ТАҲТИ УНВОНИ "ХУШНАЗАР МАЙБАЛИЕВ-АРБОБИ БАРҶАСТАИ САНЪАТИ ТОҶИК"

02.05.2023.1

Дар доираи Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2023” ба ифтихори 35 солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, 85- солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ Хушназар Майбалиев дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввар таҳти унвони “Хушназар Майбалиев – арбоби барҷастаи санъати тоҷик” бо иштироки Мовини якуми вазири фарҳанг Назариён Обид Одилзода ва аҳли ҳунар, санъатшиносон ва шогирдону пайвандони ин марди наҷиб баргузор гардид.

Дар ҳамоиш театршиноси шинохтаи ҷумҳурӣ, номзади илмҳои таърих Муҳаммадулло Табаров, адиб ва фарҳангшинос Тилло Некқадамов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ Мирзоватан Миров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Турахон Ахмедхонов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Толиб Бобоев, номзади илмҳои санъатшиносӣ аз шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Баҳора Хуррамова, роҳбари намояндагии “Россотрудничество” И. С. Иванов суханронӣ намуданд.

Ҳадаф аз ин ҳамоиш ёд кардани кору рӯзгори устод Хушназар Майбалиев, баррасии нақши вай дар такомули санъати театри тоҷик , хоса мактаби режиссура ва ҳунари актёрӣ дар марҳилаи кунунӣ мебошад.

Дар фарҷоми ҳамоиши мазкур китоби тозанашри “НОБИҒАИ ТЕАТР”-и мураттибон Тилло Некқадамов ва Назархудо Дастамбуев, ки андешаҳо, хотирот ва сипосномаи ҳамкорону шогирдони ин ҳунарманди зиндаёдро дар бар гирифта, саҳми ӯро дар рушди санъати театрӣ ва тайёр намудани шогирдони сазовор инъикос намудааст, ба ҳозирин муаррифӣ ва тақдим гардид.

 

02.05.2023.202.05.2023.302.05.2023.402.05.2023.5