Сомонаи пешина | Дш, 27 Март 2023 / 06:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷашни Наврузӣ дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявӣ рассомии ба номи М. Олимов» баргузор гардид

 18.03.2023.5Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳурияви рассомии ба номи М. Олимов» ҷашни Наврӯзи бо як шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

Маросими идона бо иштироки Муовини вазири фарҳанг Шарфизода Манучеҳр, Директори коллеҷ Ҷурахонзода С.Ш, Муовини аввали Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Давлатёр Муовини директори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамидова Н. , Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, омӯзгори собиқадор ва рассоми санъати ороиши амалӣ Носирова Меҳри Камиловна таҷлил карда шуд. Меҳмонони маросими пешвози Наврӯзи оламафрӯз аз шиносои бо дастовардҳои донишҷӯёни коллеҷ, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, ошно гардида, аз хони Наврӯзӣ, ки ҳафт син ва ҳафт шинро дарбар мегирад, дидан намуданд.

Барномаи фарҳангию фароғатӣ бо баргузории бозии варзишии Шоҳмот, сурудхониву рақс дар иҷрои донишҷӯёни коллеҷ ба чорабини ҳусни дигар бахшид.

Инчунин донишҷӯён ба ҳозирин саҳначаи баҳории «Тӯйи Бадахшонӣ» пешкаш намуданд.

Барномаи таҷлили Иди Наврӯзӣ дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳурияви рассомии ба номи М. Олимов» бо шодию сурур, рақсу бозии ҳамагон дар руҳияи идона анҷом ёфт.

18.03.2023.618.03.2023.818.03.2023.7