Сомонаи пешина | Дш, 27 Март 2023 / 05:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баррасии масъалаи тармим, барқарорсозӣ ва арзёбии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

13.03.2023.3 Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби академики варзидаи соҳаи архитектураи ёдгориҳои таърихӣ, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Рустам Муқимов дар бинои вазорат мизи гирд ва мулоқоти кории судманд анҷом дода шуд.

Дар мулоқоти мазкур Муовини якуми МД “Осорхонаи миллӣ” – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷаев Шералӣ, Мирзошариф Абдусаломов - ваколатдор оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сармутахассиси шубаи таърихи бостон ва асрҳои миёна Саидзода Савриддин, Директори МД “Иттиҳодияи илмию истеҳсолӣ оид ба муҳофизат ва таъмиру истифодаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии вазорат Зоирхони Отахон ва дигар мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки яке аз самтҳои муҳим, афзалиятнок ва стратегии соҳаи фарҳанг ин соҳаи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад. Тамаддуни бузурги миллии тоҷикӣ, ки таърихан ба 6-8 ҳазор сол муқаддам бармегардад дар ёдгориҳои моддии бостонию меъмории таърихӣ инъикос ёфтааст.

Аз инрӯ кашф, тармим, барқарорсозӣ, ҳифз, арзёбӣ ва пешниҳод ба феҳристҳои ҷаҳонии фарҳангӣ талабот, заҳамот ва таҷрибаҳои пешқадамро тақозо мекунад.

Қобили зикр аст, ки устод Рустам Муқимов аз беназиртарин архитекторҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд, ки корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибаи худро доир ба архитектураи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ анҷом додааст.

Дар мизи гирд махсусан масъалаи арзёбии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ишора кардан ба маврид аст, ки ниҳодҳои байналмилалие ҳастанд, ки махсус барои арзёбӣ равона карда шудаанд.

Масалан яке аз онҳо ИКОМОС (Шӯрои байналмиллалӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ҷойҳои тамошобоб) буда, Тоҷикистон то солҳои 2010-2015 дар ҳамкорӣ бо ин ниҳод фаъол ва пешсаф буд ва мутаассифона солҳои минбаъда фаъолият чандон қаноатбахш нест.

Дар мизи гирд устод Рустам Муқимов ва коршиносону мутахассисон вазорат барқарор кардани низоми арзёбии ёдгориҳои таърихию фарҳангиро саривақтӣ ва муҳим баён дошта, иброз карданд ки Шӯрои арзёбӣ метавонад дар пешбурди парвандаҳои номинатсионӣ ва ворид намудани мероси фарҳангии Тоҷик дар феҳристҳои мероси фарҳангии умумибашарӣ имкон фароҳам орад.

Вазорати фарҳанг дар ин самт аллакай гомҳои устуворро гузошта, тасмим аст то ин самти муҳими сиёсати фарҳангӣ тибқи таъкиду супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва талаботи қонунгузории миллӣ ва байналмиллалӣ ба роҳ монда шавад.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

13.03.2023.4