Бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаломов Мирзошариф - сардори шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - академик Юсуфшоҳ Яъқубов, Фирӯз Шоинбеков, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО - Тахминаи С. , Сармутахассиси шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ - Наботов Муҳаммадҷон, Мутахассиси шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ Абдураҳмонов Мансур ҷаласаи корӣ ҷиҳати таҳлил ва муҳокимаи Лоиҳаи "Бунёди осорхона ва пойгоҳи бостоншиносӣ дар ҳудуди ёдгории таърихии шаҳри қадимаи Карони ноҳияи Дарвоз" баргузор карда шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими ҷойдошта, пешниҳодҳои коршиносон, талаботҳои мавҷудаи ЮНЕСКО, сифати корҳо, ҳифзи аслияти объекти таърихӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба лоиҳа мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Иқдоми мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, мақсад аз он ҳифзи аслияти объектҳои таърихию фарҳангӣ дар ҳолати бунёди иншоотҳои нав дар атрофи ёдгориҳо буда, ҳамзамон татбиқ ва риояи ҳатмии қонунгузории соҳавӣ мебошад.
Мирзошариф Абдусаломов - ваколатдор оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.