Сомонаи пешина | Дш, 27 Март 2023 / 06:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили бошукуҳи Рӯзи матбуоти тоҷик

11.03.2023.9Бахшида ба 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши бошукуҳи идона баргузор гардид.

Дар оғози ҳамоиш намоиши китобҳои нодиру тозанашри нависандагону шоирони тоҷик доир шуда, дар кори он мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Муовини Вазири фарҳанг Сафарзода Давлат, Директори китобхонаи Миллӣ Файзуллозода Ҷумъахон, сармуҳаррирони рӯзномаҳову маҷаллаҳо ва дигарон иштирок намуданд.

Ҳамоишро Вазири фарҳанг Давлатзода Зулфия бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки рӯзи матбуоти тоҷик ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад. Имсол аз чопи ин рӯзнома 111 сол сипарӣ мегардад.

Маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи матбуоти тоҷик аз соли 1994 инҷониб дар саросари Тоҷикистон ба таври расмӣ ҷашн гирифта мешавад.

Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон ба як зумра рӯзноманигорон унвонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», сипосномаҳо ва ба расонаҳои иттилоотӣ диплому ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

11.03.2023.811.03.2023.311.03.2023.211.03.2023.111.03.2023.411.03.2023.10