Сомонаи пешина | Дш, 27 Март 2023 / 06:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Модар дар Вазорати фарҳанг

07.03.2023.10Бахшида ба Рӯзи Модар дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири фарҳанг Давлатзода Зулфия Давлат, муовинони вазир, сардорони раёсат ва кормандони дастгоҳи марказӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Сараввал Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода чорабиниро бо сухани шодбошӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем.

Аз ин лиҳоз, модар натанҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад.

Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ ва пос медорад”.

Ин аст, ки дар такя ба суннату анъанаҳои неки миллати тоҷик бо мақсади бузургдошти офарандаи ҳаёт ва пойдории оила, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон Зан – Модар, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми март – Рӯзи Модар эълон гардид, ки он дар оғози марҳилаи сифатан нави давлатдории тоҷикон, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну арзишҳои миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овардааст.

Дар ин рӯзи саид, ки мантиқан оғози бунёдкориҳои навини Тоҷикистон мебошад, бо нияту орзуҳои беҳтарин ба Шумо ва аҳли хонаводаатон тансиҳативу хотирҷамъӣ, саодати рӯзгор ва комёбиҳои беназирро дар фаъолияти пурмаҳсулатон баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони соҳибистиқлол хоҳонем. Иди модарон ба Шумо ва кулли бонувони кишвар фархунда бод!

Ҳамзамон дар чорабинӣ Муовини якуми вазири фарҳанг Назариён Обид Одилзода, муовини вазири фарҳанг Сафарзода Давлат Шариф бонувони вазорат ва дар симои онҳо кулли занону духтарони кишварро табрик намуданд.

07.03.20231107.03.2023.1207.03.2023.1307.03.2023.1407.03.2023.1507.03.2023.17