Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Нақши занон дар хизмати давлатӣ» ҳамоиши тантанавӣ доир гардид, ки дар он фаъолзанони мамлакат, хизматчиёни давлатӣ, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ, роҳбарият ва кормандони Агентӣ, занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва магистрантони хизмати давлатӣ иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, доир ба нақши занон дар ҷомеаи имрӯза изҳори назар карданд.
Тазаккур дода шуд, ки дар мамлакати соҳибистиқлоламон бонувон дар баробари тарбияи фарзандони солеҳ, чун қувваи бузургу пешбаранда дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо пайравӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти Ватан баробари мардон фаъолияти созанда доранд ва ҳамарӯза бо ташаббусҳои наҷиб, эҷодкорӣ ва садоқату самимият қалбҳои ҳамкоронро нуру сафо мебахшанд.
Дар ҷараёни ҳамоиш, дар вазъияти тантанавӣ ба шунавандагони курси такмили ихтисос- занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи барномаи «Малакаи роҳбарӣ» Гувоҳномаи хатми курс супорида шуд.
Манбаъ: /АМИТ «Ховар»/