Сомонаи пешина | Дш, 27 Март 2023 / 05:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Гузориш аз иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии «Сураҷкунд Мела» - и Ҷумҳурии Ҳиндустон

 28.02.2023.7Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.02.2023, №3713 (29-3.5) иттилоъ медиҳад, ки аз 3 то 19 феврали соли 2023 дар шаҳри Сураҷкунди Ҳиндустон бо иштироки ҳайатҳои ҳунарии ҳунармандони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай фестивали байналмилалӣ таҳти унвони «Сураҷкунд Мела - 2023» баргузор гардид, ки ҳайати ҳунарии ҳунармандони тоҷик низ дар он ширкат ва ҳунарнамоӣ намуданд. Қобили қайд аст, ки дар фестивали мазкур намояндагон - ҳунармандони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Арманистон ва 50 давлати ҷаҳон иштирок намуда, санъату ҳунари миллату халқи худро муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин, дар баробари зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон гӯшаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон аз ҷониби муассисаҳои тобеи вазорат, ширкатҳои ватанӣ ва Иттиҳодияҳои ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар фестивали мазкур панҷ нафар ҳунармандони дастаи Ансамбли рақсии «Чаман»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷураев, 4 нафар сарояндагони Ансамбли «Фалак»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев ва Консерваторияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаш нафар аз ҳунармандон ва ошпазон иштирок намуда, бо суруду рақсҳои миллӣ ва намоиши намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ, хӯроки миллӣ, ки тамоми таъриху фарҳанги миллати тоҷикро бозгӯӣ менамуд, ба намоиш гузошта, бо пешниҳоди санъату ҳунари миллии тоҷик кишвари моро баҳри тамошобинон, сайёҳону сокинони кишвари Ҳиндустон муаррифӣ намуданд. Ҳамарӯза аз гӯшаҳои намоиши ҳунарҳои мардумии кишварҳои иштирокчиёни фестивал ҳазорҳо нафар дидан намуда, бо ҳунарҳои мардумӣ ва суруду рақсҳои миллии зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон шинос шудаанд.

Ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит фароҳам овард, то ҳунармандон ва ширкату иттиҳодияҳои ҳунармандони кишвар дар фестивал ва намоишгоҳҳои байналмилалию сатҳи ҷаҳонӣ ширкат намуда, ҳунару санъат ва таомҳои миллии тоҷикиро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Дар гӯшаю намоиши ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон, дар фестивали байналмилалии «Сураҷкунд Мела -2023» армуғони зиёди ҳунарҳои мардумӣ - гулдӯзию дарздӯзии мардуми тоҷик ба намоиш гузошта шуд. Дар ин намоишгоҳ сайёҳон ва ширкаткунандагони фестивал аз меҳмоннавозию меҳмондории миллати тоҷик баҳравару бархӯрдор шуданд.

Инчунин, дар фестивали мазкур аз ҷониби ошпазони моҳири тоҷик оши палови тоҷикӣ омода гардида, ба дӯстдорони таомҳои миллии тоҷик ва тамоми халқияту миллатҳои гуногун муаррифӣ ва пешниҳод гардид.

Иштирокдорони чорабинии болозикр аз маконҳои таърихӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Ҳиндустон, аз ҷумла «Тоҷмаҳал» дидан намуданд.

Чорабинии мазкур 17 рӯз идома ёфта, рӯзи 20 - уми феврали соли ҷорӣ ҳайати гурӯҳи ҳунармандон ба Тоҷикистон баргаштанд.

Хусравбекова Гулбута - сармутахассиси раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг

28.02.2023.128.02.2023.328.02.2023.528.02.2023.828.02.2023.428.02.2023.6