Сомонаи пешина | Дш, 27 Март 2023 / 06:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

АРМУҒОНИ АҲЛИ ФАРҲАНГ БА САРБОЗОНИ ШУҶОЪИ ВАТАН

 27.02.20-2023.2Бо мақсади таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои фарҳангиро доир намуд. Рӯзи 14 феврали соли ҷорӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев барномаи консертии ҳунармандони муассиса бо иштироки курсантҳои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Вобаста ба ҷашн 19 феврали соли равон дар Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Ирам, Куруши Кабир, Фирдавсӣ, Мироненко ҳайатҳои ҳунарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев, Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ.Валаматзода, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ва дигар муассисаҳо барномаҳои консертии хешро барои болидаруҳии афсарону аскарон доир намуданд. Ҳамзамон, рӯзи 18 феврал Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии “Базморо” дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев барномаи ҳунариро бо иштироки ҳунармандони бомаҳорати муассиса баргузор кард.

Рӯзи 20 феврал Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар якҷоягӣ бо ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев ва Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода чорабинии фарҳангиро дар сатҳи баланди ҳунарӣ доир намуд. Ҳамчунин 21 феврал ҳунармандони муассиса дар чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангии қисмҳои ҳарбии 051052, 051055, 061064 Гвардияи миллии Ҷумҳури Тоҷикистон ширкат варзиданд. Рӯзи 23 феврал аз ҷониби маҷаллаи “Оила” дар қисми ҳарбии воқеъ дар маҳаллаи Фурудгоҳи пойтахт барномаи адабӣ-мусиқӣ баргузор гардид, ки дар он адибон ва ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев бо ашъори тару тоза, сурудҳои дилангези хеш баромад намуда, ҷавононро дар рӯҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан-Модар, хизмати содиқона дар қувваҳои мусаллаҳ, ҳимояи марзу буми меҳан даъват намуданд. Ҳамзамон, ҳунармандони филармония дар барномаи фарҳангӣ дар қисми ҳарбии воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуда, барномаи рангини хешро барои афсарон пешниҳод карданд. Иттиҳодияи давлатии гуруҳҳои эҷодию консертӣ рӯзи 22 феврал дар госпитали ҳарбии ноҳияи Сино ва 24 ферал дар қисми ҳарбии 6593 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ҷаззоби консертиро барои сарбозони шуҷои Ватан пешкаш гардонид. Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ.Валаматзода 22 феврал барои хизматчиёни Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рангини худро манзур намуданд.

Дар маҷмӯъ муассисаҳои консертии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 барномаи фарҳангиро ба муносибати таҷлили 30-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуданд ва ин иқдом минбаъд низ идома меёбад.

27.02.2023.127.02.2023.3