Сомонаи пешина | Яш, 29 Январ 2023 / 23:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

"ИТТИҲОД ВА САРҶАМЪИИ МИЛЛАТ СИЛОҲИ ҲАСТАИИ МО ДАР МУҚОБИЛИ ҲАР ТАҲДИД АСТ"

27.12.2022.5 (Таассурот аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар паёме ҷомеъ, фарогир, таҳлилӣ ва ҳидоятгару раҳнамунсоз буд. Пешвои миллат ҳамаи соҳаҳо ва самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳаёти мамлакатро дар Паёми хеш ба далелҳо ва арқоми муътамаду мустанад таҳлилу баррасӣ намуда, нуқтаҳои заъфу қуввати онҳоро ишора фармуда, баҳри ислоҳи нуқсону камбудиҳо ва фароҳам сохтани заминаҳои рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии ҳаёти ҷомеа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Яке аз мавзӯъҳои меҳварӣ дар Паём масъалаи рушди неруи инсонии мамлакат буд. Сарвари давлат таъкид карданд, ки заминаи рушди неруи инсонии ҳар як кишвар ба рушди муассисаҳои соҳаи маорифи он зич алоқаманд аст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду тавсеъаи соҳаи маориф сармоягузориро афзоиш медиҳад.

Аз нимаи соли 2023 ба андозаи 20% боло бардоштани музди кори кормандони соҳаи маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ яке аз тадбирҳои амалии ин самт дар сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Паёми имсола садо дод. Супориши Сарвари давлат дар мавриди таъсис додани Маркази ягонаи иттилоотӣ дар шароити бархӯрдҳои шадиди қутбҳои мухолифи ҷаҳони имрӯз иқдоме хеле зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.

Воқеаҳои солҳои ахир дар қисмате аз марзҳои давлатии мо ва минтақа бар зарурати ин иқдоми Сарвари давлат таъкид менамоянд, зеро ин воқеаҳо ба сароҳат нишон доданд, ки алайҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол, хусусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути доираҳои манфиатдори ҷаҳон як маъракаи ҳуҷуми иттилоотии муташаккилона роҳандозӣ гардидааст. Гурӯҳҳои ғаразноке дар садади онанд, ки авзоъи ҷумҳурии мо ва минтақаи Осиёи Марказиро ба ҳам бизананд ва ин кӯшишҳо тайи чанд соли ахир пайваставу пайгиронаву боисрор идома доранд, аммо хушбахтона ба шарофати сиёсати хирадгароёнаву мутавозини Пешвои миллат дар сутуҳи дохилию хориҷӣ ва иттиҳоду сарҷамъии миллӣ ва зиракии сиёсии мардуми Тоҷикистон кӯшишҳои ин доираҳои муғриз ба нокомӣ рӯ ба рӯ мешавад.

Аз ҳамин нуқтаи назар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин нуктаи қуввати мо ишора фармуда, таъкид карданд, ки Тоҷикистон яроқи ядроӣ надорад, вале иттиҳоду сарҷамъии мардуми Тоҷикистон дар муқобили таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯз камтар аз силоҳи ҳастаӣ нест.

Вақеан, ин ҳарфи дурусту ҳисобие аст, ки агар аз қавли Мавлоно баён кунем, "Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад". Дар қисмати поёнии Паём муҳтарам Пешвои миллат мардуми кишварро ба муносибати пазируфта шудани ибтикори панҷуми Тоҷикистон аз сӯйи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли ҳифзи пиряхҳо ва қабул шудани рӯзи 21 март ба унвони Рӯзи пиряхҳо самимона табрику таҳният гуфтанд.

Дар ҳақиқат, барои ҳамаи мо мардуми Тоҷикистон ин эътирофу эҳтиром боиси шарафу ифтихори бузург аст, ки тайи 31 соли истиқлол, ки дар назди таърих муддати чандон дарозе нест, ба шарофати раҳбарии мудаббирона ва сиёсати мутавозини хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аллакай 5 иқдоми ҷумҳурии мо дар масъалаҳои марбут ба об ва иқлим дар сатҳи болотарин созмони байналмилалӣ қабул ва иҷроӣ мегардад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ ва минтақаву ҷаҳон дар ин мақом пешгом аст.

Хулоса, Паёми имсолаи Роҳбари давлати Тоҷикистон дар масъалаи ваҳдату сарҷамъии миллӣ ва ватандӯстию номуси ватандорӣ ҳодии роҳи ҳар фарди бедордили Меҳан мебошад.

Раҳмоналӣ Мирализода
Сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг