Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 01:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАҲНАМОИ ФАЪОЛИЯТ

27.12.2022.3Рӯзи 27 декабри соли 2022 дар толори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ҷаласаи васеъ баргузор гардид.

Ҷаласаро директори Пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Абдулфатоҳ Аминов ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба нуктаҳои асосӣ ва дастовардҳои солҳои охири кишвар, ки дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардидаанд, мухтасар шинос намуд.

Тибқи барномаи ҷаласа муовини директор оид ба корҳои илм, номзади илмҳои филологӣ Мирзоалӣ Ҷӯраев зимни суханронии хеш иброз дошт, ки ҳар сол мо дар арафаи Соли нави милодӣ шоҳиди як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар мегардем, ки он ҳам бошад ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Зикр гардид, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад, ки дар муайян кардани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, таҳлили амиқи вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдошта, дурнамои рушди мамлакат нақши муҳим мебозад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишварро амиқан таҳлилу баррасӣ намуданд, ки албатта, барои мо, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муфиду дорои аҳамияти хосса аст.

Сипас, котиби илмии Пажӯҳишгоҳ Лайло Носирова дар мавриди нақши бонувону ҷавонон, рушди соҳаи сайёҳӣ, касбомӯзии мардум ва баланд бардоштани ҳувияти миллии шаҳрвандон дар партави Паём бо маърӯзаи пурмӯҳтаво баромад намуд.

Номбурда қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолаи хеш занону ҷавонони имрӯза қувваи асосии ҷомеа ба ҳисоб рафта, барои пешрафту густариши давлату миллат саҳми назаррас мегузоранд. Хусусан, занону духтарони ҳунарманд бо бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо ҳамкории зич дошта, дар намоишу чорабиниҳои ватаниву хориҷӣ арзишҳои фарҳангии халқи тоҷикро муаррифӣ менамоянд.

Инчунин тавассути анъанаи “устод-шогирд” баҳри рушду густариши ҳунарҳои мардумӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ саҳмгузоранд. Илова бар ин, барои дастгирии бонувон ва ҷавонон Ҳукумати кишвар тадбирҳои зиёди судманд андешида истодааст. Аз ҷумла, дар ташкили марказҳои ҳунаромӯзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, бахусус ҷавонон мусоидат мекунанд, дастгирии бевоситаи Сарвари давлат назаррас мебошанд.

Гуфта шуд, ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки “Танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем”.

Масъалаи асосие, ки имрӯз таваҷҷуҳи бештарро талаб менамояд, ин баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстии мардум мебошад. Ҳар як шахс дар фаъолияти меҳнатии хеш пеш аз ҳама манфиати давлату миллатро ба инобат гирад.

Ҳамзамон, мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашри Пажуҳишгоҳ Ифтихор Юсуфӣ зимни суханронии хеш баён дошт, ки моҳияти баргузории Паём аслан дарбаргирандаи масоили мубрами сиёсати пешгирифтаи ҳукумати мамлакат мебошад.

Дар қисмати мубодилаи афкор иштирокдорони ҷаласа-ходимони илмии Пажӯҳишгоҳ Мирзоев Саъдӣ, Сафаров Мунаввар ва дигарон фикру андешаҳои хешро дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешаои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Дар ин бора аз Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг