Сомонаи пешина | Яш, 29 Январ 2023 / 23:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ҒОЛИБИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТОБЕИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ ДАР ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ"

27.12.2022.2Рӯзи 20 декабри соли равон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Кохи Суруши пойтахт маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии "Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе" баргузор гардид.

Дар ин озмун аз рӯи номинатсияи "Иҷрои суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе" аз гурӯҳи эҷодкорони касбӣ ҳунармандони бомаҳорати Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ сазовори ҷои якум гардиданд.

Дар ҳамин номинатсия, гурӯҳи синнусолии аз 18 сола боло ансамбли "Бонувон"-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода соҳиби ҷои дуюм, шогирдони Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов сазовори ҷои сеюм, гурӯҳи синнусолии аз 11 то 17 сола хонандагони Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ ҷои дуюм ва шогирдони Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Ҳамзамон, аз рӯи номинатсияи "Иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе" дар гурӯҳи эҷодкорони касбӣ устоди Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов Муҳаммад Неъматов, гурӯҳи синнусолии аз 18 сола боло донишҷӯи курси сеюми факултаи мусиқӣ-омӯзгории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Сарвиноз Холова ва аз гурӯҳи синнусолии аз 11 то 17 сола хонандаи синфи 7- и Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев Билол Зокиров сазовори ҷои сеюм гардиданд. Ғолибият муборак бошад!

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон