Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 01:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Паём аз Ҷаласаи 17-уми Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ 28-ноябр – 3 декабри 2022, ш. Работи Марокаш

02.12.2022.3Дар ин ҷаласа беш аз 1200 нафар намояндагон аз мамлакатҳои ҷаҳон иштирок доранд. Ҳайати Кумита – иборат аз 24 кишвари аъзо дар давоми 7 рӯз ҳисоботҳои даврии кишварҳои узв, ҳисоботи ҷамъбасти лоиҳаҳои дастгириёфта ва дигар масъалаҳоро баррасӣ карда, номинатсияҳоро, ки барои сабт дар феҳристҳо пешниҳод шуданд, муҳокима мекунанд.

Дар ин ҷаласа 2 номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя, рӯзи 1 декабр баррасӣ шуда, расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Инҳо – “Анъанаҳои кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ” (муштарак аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон) ва “Латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандӣ” (муштарак аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон) мебошанд.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ҷаласа Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон, мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Дилшод Раҳимӣ – ҳамчун муаллифи бахши тоҷистонии номинатсияҳои мазкур ва Қурбони Аламшо – директори ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир», ки аз ҷониби ЮНЕСКО аккредетатсия шудааст, иштирок доранд.

Ин дастоварди фарҳангиро ба ҳамаи шаҳрвандон табрик мегӯем!

Дилшод Раҳимӣ,
мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони
Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти
назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон