Сомонаи пешина | Яш, 29 Январ 2023 / 23:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ИШТИРОКИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ ДАР ШАҲРИ АШҚОБОД

02.12.2022.2Аз 28 то 30 ноябри соли равон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Фестивали байналмилалӣ ва Конференсияи илмӣ таҳти унвони “Суруд ва санъати мусиқии миллӣ дар мероси халқҳои ҷаҳон” баргузор гардид, ки дар он Вазари фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, Муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Меҳриҷамал Маммедова, Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамурадов ва намояндагони кишварҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Руссия, Озарбойҷон, Туркия, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ширкат варзиданд.

Дар Конференсияи илмӣ Зулфия Давлатзода вобаста ба ҳифзу гиромидошти фарҳанг, санъати суруду мусиқии миллии тоҷик ва дастовардҳои фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар ибрози андеша кард.

Ҳамзамон дар Фестивали мазкур ҳунармандони боистеъдоду маъруфи кишвар бо иҷрои суруду тарона ва мусиқиҳои миллӣ санъату ҳунари беназири кишварамонро мураррифӣ намуданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг