Сомонаи пешина | Яш, 29 Январ 2023 / 23:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТАҶЛИЛИ ҶАШНҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТУРКМАНИСТОН

02.12.2022.1Рӯзи 25 ноябри соли 2022 дар шаҳри Ашқобод ба муносибати 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Шарифзода Фаррух дар суханронии худ аҳаммияти таърихии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули асосҳои ҳуқуқии давлат дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин як қатор ташаббусҳои байналмилалии кишвар, аз ҷумла натиҷаҳо ва аҳаммияти «Раванди оби Душанбе» ва рафти омодасозии Конфронси оби СММ, ки моҳи марти соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мешавад, таъкид намуд.

Барномаи рангини консертӣ бо мусиқии мардумӣ ва рақсҳои устодони санъати Тоҷикистон сурат гирифт.

Ҳамчунин намоишгоҳи васеъ ташкил карда шуд, ки он имконияти хубро ба тамошобинон барои саёҳати таърихию фарҳангӣ ба Тоҷикистони офтобӣ фароҳам оварда, бо гуногунии анъанаҳои кишвар, ҳунарҳои мардумӣ, осори муосири санъат, либосҳои миллӣ ва таомҳои нотакрори тоҷик ошно гардонид. Дар чорабинӣ муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Хоҷамурад Гелдимуродов, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, намояндагони доираи санъату ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои Туркманистон, намояндагони корпуси дипломатии муқими Туркманистон, намояндагони васоити ахбори омма, инчунин ҳамватанони муқими Ашқобод ширкат варзиданд.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.