Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ордени “Шараф дараҷаи 2”, Корманди шоистаи Тоҷикистон Рауф Сангинов сахт андуҳгин буда, ба аҳли хонадон, хешону пайвандон, дӯстону наздикони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуда, барояшон сабри ҷамил мехоҳад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки марҳум дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба ҳайси ҳунарманди оркестр дар гурӯҳи скрипканавозон ва солиёни зиёд дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ ҳамчун мудири шуъбаи созҳои торӣ, профессори кафедраи созҳои оркестрии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолият намуда, дар тарбия ва ба воя расонидани шогирдон дар сози скрипка саҳми арзандаи худро гузоштааст.
Рӯҳи марҳум шод ва хонаи охираташ обод бод.