Рӯзи 24 ноябри соли ҷорӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона бо иштироки роҳбарияти массиса, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабиниро ректори Консерватория Достизода Миралӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин рӯзи саид табрику муборакбод гуфт.
Мавсуф дар суханронии худ оид ба таърихи чандинҳазорсолаи Парчам, ки ҳамчун Дирафши коваёнӣ ёд мешавад, ибрози андеша намуда, дар идомаи сухани хеш зикр кард, ки Парчами давлатӣ нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллат аст. Парчами давлатӣ дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, нишонаи соҳибихтиёрии давлат, рамзи истиқлоли давлатӣ буда, беҳтарин воситаи тарбияи насли наврас дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии миллати шарафманди тоҷик мебошад.
Гуфта шуд, ки Парчами давлатӣ аз зумраи муқаддасотест, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Парчами давлатӣ боиси ифтихори миллат, асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллати соҳибтамаддуни мост. Рамзи ҳуввият, давлатдорӣ ва ягонагии халқҳои сарзамини Тоҷикистон буда, шараф ва ифтихори ҳар як сокини кишвар аст.
Дар идомаи ҳамоиш барномаи ҳунарии рангину дидании устодону донишҷӯёни муассиса пешкаши ҳозирин гардид, ки аз ҷониби аҳли нишаст бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол ёфт.
Аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ доданд.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг