Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 00:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ПАРЧАМАТ ПАРАФШОН БОД,, ТОҶИКИСТОН!

25.11.2022.5Таҳти ҳамин унвон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, рӯзи 24 ноябри соли равон, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Муовини ректори донишкада оид ба таълим, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Фарҳод Махсудзода ҳамоишро оғоз бахшида, сухани табрикии ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддинро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуд.

Гуфта шуд, ки Парчами давлатӣ 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун анҷумани сарнавиштсоз ва саодатбахши миллӣ сабт шудааст, тасдиқ ва қабул гардид. Қабули Парчами давлатӣ ба давраи хеле ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт ва мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад. Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани ин рамзи муқаддаси давлатдорӣ ба мардуми парешон ва дар гирдоби ноумедиҳо афтодаи тоҷик аз оғози неку ҳамбастагӣ паём медод. Зикр гардид, ки ҳоло дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аввалин парчаме, ки дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд, ҳифз гардидааст. Ин парчам бо дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2007 дар рӯзҳои таҷлили 15-умин солгарди Иҷлосияи XVI - уми Шурои Олӣ ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супурда шуда буд.

Таъкид гардид, ки боиси ифтихору сарбаландӣ аст, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар пештоқи бинои асосии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳоние, ки Тоҷикистон узви онҳост, инчунин сафоратҳо ва намояндагиҳои кишварамон дар давлатҳои дигар парафшонӣ мекунад. Аз ин лиҳоз, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.

Дар бахши фарҳангии ҳамоиш барномаи ҳунарии устодону шогирдони муассиса, ки фарогири шеъру суруд ва оҳангҳои марғуб, дар васфи Тоҷикистон, Парчамати миллӣ, Пешвои миллат, дӯстӣ, ҳамбастагӣ манзури ҳозирин гардид, ки иштирокчиён бо самимияти хоса истиқбол намуданд.

Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода хабар доданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг