Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 00:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТУРКМАНИСТОН ИФТИТОҲ ГАРДИД

25.11.2022.4Чуноне иттилоъ додем, аз 22 то 26 ноябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мегардад.

Ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангӣ 23 ноябр дар Кохи Макоми шаҳри Ашқобод баргузор гардид, ки дар маросим Вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелди Шамурадов, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Шарифзода Фаррух, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Туркманистон, аҳли фарҳанги ин кишвар иштирок доштанд.

Дар ҷараёни кушодашавии рӯзҳо Зулфия Давлатзода ва Атагелди Шамуратов баромад намуда, аз густариши муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар, бахусус дар самти фарҳанг ибрози андеша карданд.

Сипас, барномаи рангини консертии ҳунармандони тоҷик ва намоиши филми мустанад дар бораи Тоҷикистон манзури тамошобинон гардид. Дар идомаи баргузории рӯзҳо 24 ноябр дар Осорхонаи ба номи Сафармурод Ниёзов намоиши аксҳо, мусаввараҳо, либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ, таомҳои миллӣ, шириниҳо ва анвои гуногуни нонҳои тоҷикӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Иштирокчиён бо самимияту ихлоси беандоза аз намоиш дидан карда, бо расму ойин ва таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик ошноӣ пайдо намуданд ва таассуроти хубу хотирмон бардошт намуданд.

Намоиши мазкур соҳиби баҳои баланди тамошобинон гардида, то 25 ноябр идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон то 26 ноябр идома дошта, дар шаҳрҳои Ашқобод ва Марӣ доир мегардад.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг